Иди баҳор муборак

Кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тамоми сокинони мамлакатро бо даромадани фасли зебои сол – баҳор муборакбод намуда, зиндагии орому осуда, файзу баракат, сиҳативу саломатӣ ва саодати рӯзгорро таманно доранд.

Дар ин фасли зебои сол яке аз ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик- Наврӯз қайд карда мешавад, ки барои оғоз намудани кишту кори деҳқон рост меояд. Қайд кардан зарур аст, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мамлакатҳои дигар, соли 2010-ум Созмони Милали Муттаҳид дар Ассамблеяи генералии  худ қарор қабул намуд, ки Наврӯзи Аҷам ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шуда, ҷиҳати таҷлили шоистаи он  тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шавад. Дар ҳақиқат Наврӯзро аҷдодони мо асосан шурӯъ аз оғози моҳи март то ба 23 март таҷлил менамуданд. Боиси ифтихор аст, ки то ба имруз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ин иди миллӣ бо урфу анъанаи хос таҷлил карда мешаванд.

Бори дигар оғози соли нав – баҳор муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!