Ифтихори мо

24 феврали соли 2021 бо иштироки Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Нахуст, Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода ҳозиринро ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбодӣ намуда, дар фаъолияти пурмасъулияту пуршарафи хизматӣ барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

Дар идома, Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Р.Раҳимзода аз 20 феврали соли 2021 солро, ки тибқи он раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат бо медали «Барои мусоидат» сарфароз гардонида шудааст эълон намуда, дар вазъияти тантанавӣ онро ба раиси суд супориданд.

?

?

?

?