Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ – тақдими Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи 22 июни соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва  муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, намояндагону кормандони сохторҳои дигари пойтахт дар маҳаллаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ  ифтитоҳ гардид, ки пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакону сокинон таъмин мебошад.

Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатии мазкур дар доираи иқдомҳои созандагӣ ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ, вобаста ба сохтмон, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва насби  таҷҳизоти варзишию истироҳатӣ  бо ҷалби мутахассисони соҳаи марбута  бо риояи  меъёру қоидаҳои сохтмонӣ дар асоси лоиҳаи тасдиқгардида ва дар мувофиқа бо сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шудааст.

Он аз майдончаи варзишии универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, инчунин таваққуфгоҳ бунёд гардидааст. Ҳудуд ва атрофи майдонча сабзкорӣ шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳо насб гардидааст. Дар доираи корҳои кабудизоркунӣ ниҳолҳои ороишӣ, дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои садбаргу мавсимӣ шинонида шудааст, ки ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо менамояд.

Имрӯзҳо бунёд ва ба истифода додани чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ дар гушаву канори пойтахт ва мамлакат идома дорад ва ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти мамлакат дар ин самт Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасмим гирифтанд, ки чунин як маҷмааи муосири варзишию фароғатиро ҳамчун тӯҳфаи арзанда ба ҷавонон ва сокинони маҳаллаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт тақдим намуда, барои обод намудани як гушаи пойтахти кишварамон саҳмгузор бошанд.

Сокинони маҳалла ин иқдомро самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбарияти Олии мамлакат нисбат ба аҳолӣ ва махсусан ҷавонон, ки насли ояндасози мамлакат ба ҳисоб мераванд маънидод намуданд.