ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲО ДАР ТАМОМИ МАРҲИЛАҲОИ ТАФТИШОТ ВА МУРОФИАИ СУДӢ БО КОНСТИТУТСИЯ

 Ҳуқуқ ба ҳимоя ва гирифтани ёрии ҳуқуқӣ яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шахс мебошад, ки тавассути Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз мегардад.

Тибқи моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ мутобиқи талаботи моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.

Дар моддаи 14 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ (соли 1966) низ омадааст: «Ҳар як шахс ҳақ дорад ҳангоми баррасӣ намудани айби ба ӯ эълоншуда ҳадди ақал аз ин кафолатҳо дар асоси баробарии пурра бархӯрдор шавад:

— дар ҳузури худ суд карда шуда, шахсан худро худаш ё ҳимоячии интихобнамудааш ҳимоя намояд;

— агар ӯ ҳимоячӣ надошта бошад, аз доштани чунин ҳуқуқ хабардор карда шавад, ба ҳар сурат ҳимоячии таъиншудаи беподош дошта бошад, агар манфиати адолати судӣ инро талаб кунад ва ӯ маблағи кофӣ надошта бошад.»

Моҳияти конститутсионии ин ҳуқуқро ба инобат гирифта, қонунгузор дар моддаи 22 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ин ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо яке аз принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ муқаррар намуда, маҳрум ва ё маҳдуд кардани онро ҳамчун вайронкунии ҷиддии қонун эътироф кардааст.

Аз ин рӯ, бо назардошти моҳияти конститутсионӣ ва мурофиавии ҳуқуқ ба ҳимоя, бо мақсади иҷрои якхела ва дақиқи муқаррароти қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя ва дар ин замина таъмин намудани он дар амалияи тафтишотӣ ва судии ҷиноятӣ дастури мазкур мавриди таҳия қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки танҳо ба гумонбаршуда фаҳмонидани ин ҳуқуқҳои ӯ кофӣ нест, балки прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бояд моҳияти ҳар яки онҳоро кушода дода, барои аз ҷониби гумонбаршуда амалӣ намудани ин ҳуқуқҳои ӯ бояд чораҳои амалӣ андешанд. Аз ҷумла, барои амалӣ кардани ҳуқуқи гумонбаршуда оид ба донистани он, ки барои чӣ гумонбар шудааст, муфаттиш бояд дар протоколи пурсиши гумонбаршуда моҳияти онро дарҷ намояд, барои раддия изҳор намудан  гумонбаршударо бо қарор дар бораи таъсиси гурӯҳи тафтишотӣ шинос намояд, то ки ӯ имконияти ба як ё ҳамаи аъзоёни гурӯҳи тафтишотию фаврӣ изҳори рад намуданро дошта бошад, аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шудани гумонбаршуда ӯро фавран, вале на дертар аз 24 соат пурсиш намояд, нусхаи протоколи дастгиршавиро ба гумонбаршуда диҳад, ӯро бо маводе, ки ба суд барои татбиқи ҳабс нисбат ба ӯ чун чораи пешгирӣ равон карда шудааст, шинос намояд ва ғайра.

 

Пристави суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сатторзода Р.Ғ.