Иштирок дар тренинг дар мавзӯи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ашхоси дорои қобилияташон маҳдуд

28 феврали соли равон Нурализода Сафар Маҷид – муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Мартабшозода Фаридун – корманди дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар тренинг оид ба мавзӯи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ашхоси дорои қобилияташон маҳдуд ва муқаррарори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи судӣ, ки дар бинои дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,  иштирок намуданд.

Мавзӯҳои дар тренинги мазкур баррасишуда вобаста ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар ва амалӣ гардидани донишҳои ашхоси дорои қобилияташон маҳдуд равона гардида буд.  Тренинги мазкур дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони дорои маъюбият «Дурнамо», Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони дорои маъюбият «Ноил» ва бо дастгирии молиявии дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида буд.

Дар тренинг шахсони дорои қобилияташон маҳдуд ва барои фарогир (инклюзивӣ) будани он шахсони маъюбнадошта ҳам ҷалб гардида буданд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории тренинги мазкур: