Иштироки ҳайати дастаи бозингарони суди ноҳия барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

19 августи соли 2019 бо ибтикори бахши кор ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дар ҳамбастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ дар намуди футболи хурд байни кормандони сохторҳои ноҳиявӣ оғоз гардид. Аз он ҷумла дастаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар он иштирок мекунад. Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ 9 ташкилоту муассисаҳои ноҳия даъват гардидаанд.Мусобиқаи мазкур дар майдони варзишии “Душанбе Арена” воқеъ дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур баргузор мегардад. Мақсад аз он амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2021, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба воситаи футбол мебошад.