Иштироки раиси суд дар мизи мудавар

Санаи 18 апрели соли ҷорӣ раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат дар мизи мудавар, ки дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе бо унвонии «Ислоҳоти маъмурӣ-ҳуқуқӣ дар давлатҳои Осиёи Миёна» баргузор мегардад, иштирок намуд. Ҳамчунин дар мизи мудаввар судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Тоҳир Қамар, раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., раисони судҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе – Саидзода Г., Абдуллозода М. ва Рушонзода С., инчунин дигар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагиҳо аз давлатҳои хориҷи кишвар низ ширкат варзиданд. Мизи мудавар рӯзҳои 18 ва 19 апрели соли 2019 дар назар дошта шудааст.

Дар чорабинии мазкур вобаста пешрафт ва беҳтар намудани сатҳу сифати корӣ, мавқеи судҳои маъмурӣ, баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Расмҳо аз ҷараёни баргузории мизи мудавар: