Эълон

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо расонида мешавад, ки бинои маъмурии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз кӯчаи Бохтари шаҳри Душанбе, бинои 23, ба хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, бинои 168/1 кучонида шудааст. Дар ин замина иҷрочиёни Хадамоти иҷрои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Идораи нотариалии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар суроғаи хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, бинои 168/1 ҷойгир карда шудааст.