Эълон !

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба маълумот мерасонад, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони дорои маъюбият «Ноил» ба ашхоси дорои маъюбият ба таври ройгон ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад. Ёрии ҳуқуқии ройгон новобаста аз минтақаҳои фарогири лоиҳа пешниҳод карда мешавад. Ҳудуди амали лоиҳа шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ёвон, Нуробод, Дустӣ, Спитамен, Аштро дар бар мегирад.

Рӯзҳои қабули Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони дорои маъюбият «Ноил» аз душанбе то ҷумъа давоми соатҳои 09:00 то 16:00, рӯзҳои панҷшанбе тарҷумони забони имову ишора барои ношунавоён таъмин карда мешавад.

Ҷиҳати ҳамкорӣ ва ё муроҷиати шахсони дорои маъюбият бо суроғаи маҳалли Қаротегин назди «Тоҷикреклама» ба қабулгоҳи ташкилот ё тариқи почтаҳои электронии noil.org@gmail.com, noil.org.sfm@gmail.com ҳамчунин тариқи телефонҳои + (992) 93 432 32 24, + (992) 917 05 33 50, 446 20 62 36 метавонед муроҷиат намоед.