Эълони ҳукм барои аз ҳиссиёти авбошона қасдан ба саломатии инсон зарари вазнин расонидан
Санаи 6 июни соли ҷорӣ раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда:
Усмонов Муҳамадиқбол Абдулқудусович-20 июни соли 2000 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи нопурра, ҷои кор надорад, муҷаррад, қаблан суд нашудааст, чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ шудааст, ҷои зисташ шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 110 қисми 2 банди «к» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуд.
Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати номбурда бо аломатҳои моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (содир кардани авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэьтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон алоқаманд мебошад, ки аз ҷониби гуруҳи ашхос содир шудааст ва лаҳзаи анҷом додани ин ҷиноят аз ҷониби Усмонов М.А. силоҳ дар намуди корд истифода шудааст) ва бо моддаи 110 қисми 2 банди «к» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад ва он аз ҳиссиёти авбошона анҷом дода шудааст) айб эълон гардида буд.
Судшаванда Усмонов М.А. дар мурофиаи судӣ худашро дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 110 қисми 2 банди «к» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор шуморида, ҷиҳати амалӣ кардани ҳуқуқҳояш раводиди моддаи 311 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз додани нишондод даст кашид. Ӯ иброз намуд, ки аз карда пушймон мебошад ва аз ҷабрдидагон бахшиш пурсид.
Суд ҷинояти содирнамудаи Усмонов М.А.-ро исботшуда ҳисобида, кирдори ӯро барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 110 қисми 2 банди «к» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасниф кард.
Суд вақти интихоби ҷазо принсипи фардикунондани ҷазо, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунадаи ҷазо, шахсияти судшаванда Усмонов М.А.-ро ба инобат гирифта, ӯро дар содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 110 қисми 2 банди «к» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ чунин ҷазо таъин кард:
-бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 (панҷ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ.
-бо моддаи 110 қисми 2 банди «к» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 (нуҳ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ.
Мутобиқи моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Усмонов Муҳамадиқбол Абдулқудусович ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо 11 ( ёздаҳ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, таъин гардид.
Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар муҳлати 10 шабонарӯз аз лаҳзаи эълони он, ба маҳкумшуда бошад дар ҳамон муҳлат пас аз гирифтани нусхаи ҳукм, тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудан мумкин аст.