КӮМАКИ ХАЙРХОҲОНАИ СУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ БА ХОНАНДАГОНИ НИЁЗМАНДИ МТМУ №44-и НОҲИЯ

Санаи 29.12.2023 дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар арафаи Соли нави мелодӣ ба беш аз 20 нафар ятимони кулл ва нимятимони МТМУ №44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ пайваста чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро пеша карда, саҳми худро барои кӯмак ба шахсони ниёзманду камбизоат мерасонад.

Аснои супоридани туҳфаҳо судяи Суди ноҳия Искандарзода Меҳрангез табрикоти самимии роҳбариятро ба бошандагони муассиса ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ расонид. Баҳраманд гардидан аз кӯмакҳои мазкур бахусус барои кӯдакону наврасон хело ҳам хурсандибахш буд ва онҳо арзи сипосу миннатдории хешро ба ин амали саршори хайру савоб самимӣ баён доштанд.

Бояд гуфт, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имкониятҳои маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳолӣ дасти кӯмак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Масъулини Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар рафти суҳбат бо таълимгирандагони муассисаи аз кӯмакҳо баҳрамандгардида бори дигар таъкид доштанд, ки таваҷҷуҳ ва дасти кӯмак дароз намудан ба ашхоси ниёзманд аз тарафи давлату ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат идомаёбанда буда, онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхорӣ қарор мегиранд.

Дастгирии ниёзмандон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнвораҳо ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.