КАФОЛАТИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ-ҶИНОЯТИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
Ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзишҳои бунёдии ҷомеа шинохта мешаванд ва онҳо бевосита дар Конститутсия дарҷ шудаанд. Ин ҳуқуқҳо ва озодиҳо ба ҳар як шахс, новобаста аз миллат, ҷинс, забон, дин, мансубият ва дигар омилҳо, кафолат дода шудаанд ва барои таъмини озодӣ, адолат ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеа муҳим мебошанд.
Мувофиқи қ. 5 м. 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегардад.
Кафолати ҳуқуқ ва озодиҳо яке аз арзишҳои асосии ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, бо қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад. Ҳадафи асосии кафолати ҳуқуқ ва озодиҳо ин таъмин намудани амнияти шахсӣ, озодӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошад.
Асосҳои кафолати ҳуқуқ ва озодиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳолатҳое зерин мустаҳкам гардидаанд:
- Конститутсия ҳамчун асоси кафолати ҳуқуқ. Конститутсия – санади олии ҳуқуқии кишвар мебошад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандонро муқаррар мекунад ва онҳоро кафолат медиҳад. Ҳуқуқу озодиҳои асосӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба зиндагӣ, дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, виҷдон ва дигар ҳуқуқҳои муҳим дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асоси он таҳия гарданд;
- Кафолати қонунӣ ва низоми қонунгузорӣ. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати амалӣ шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин мекунанд. Қонунгузории кишвар дар асоси принсипҳои адолат, баробарӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон таҳия шудаанд. Барои иҷрои ҳуқуқҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва маданӣ роҳҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳоро таъмин мекунанд;
- Мустаҳкам кардани нақши мақомоти судӣ. Судҳо кафолат медиҳанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва шахсони дигар ҳифз карда шаванд. Мақомоти судӣ вазифадоранд, ки тамоми масъалаҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқҳоро баррасӣ кунанд ва бо адолат нисбати шахсоне, ки ҳуқуқҳои дигаронро поймол мекунанд, чораҳои қонуниро андешанд;
- Кафолати ҳуқуқ ба муроҷиат ва адолати судӣ. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои худ ба мақомоти судӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намоянд. Ин ҳуқуқ кафолат медиҳад, ки шахсони зарардида имкони муроҷиат ба адолати судиро доранд ва ҳимояи ҳуқуқии худро таъмин кунанд;
- Давлат бояд дар таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон нақши муҳим дошта бошад. Мақомоти давлатии дахлдор бояд кӯмакҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ барои гурӯҳҳои осебпазир ва шахсони дар ҳолати душвор қарордоштаро таъмин намоянд, то ки онҳо ҳуқуқҳои худро амалӣ карда тавонанд;
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз миллат, ҷинс, забон, дину мазҳаб ва мавқеи иҷтимоӣ дар назди қонун баробаранд. Ин кафолат медиҳад, ки ҳар як шахс ҳуқуқ ва озодиҳои худро бе табъиз ва маҳдудият амалӣ карда тавонад;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якчанд созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ), мебошад, ки дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро таҳким мебахшад. Созишномаҳо ва шартномаҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро қабул кардааст, кафолати ҳимояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсонро дар сатҳи байналмилалӣ низ таъмин мекунанд.
Кафолати ҳуқуқ ва озодиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҷоди муҳити иҷтимоии устувор, эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон ва рушди шахсӣ ва ҷамъиятӣ замина мегузорад. Кафолати ҳуқуқҳо ва озодиҳо имконият медиҳад, ки ҳар як шахс дар муҳити амн ва боэътимод зиндагӣ кунад, ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намояд ва дар ташаккули ҷомеаи демократӣ фаъолона иштирок кунад.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон раво дониста мешавад.
Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз вазифаҳои асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ дониста шудааст.
Яке механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон намудани онҳо мебошад. Бо қабул шудани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 ва муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, амалишавии бевоситаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шуданд.
Дар зери мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд кирдор ҳаракат ё беҳаракатии ба ҷамъият хавфноки бо қонуни ҷиноятӣ пешбинишудае дониста мешавад, ки қасдан ё аз беэҳтиёти содир шуда ба ҳуқуқ ва озодиҳои дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкамшуда ва кафолат додашуда таҷовуз меоварад.
Тавре қайд гардид, ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳоии конститутсиониии инсон ва шаҳрванд дар боби 19 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда аз моддаҳои 143 то 164-ро дар бар мегиранд.
Назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамаи ин ҷиноятҳоро шартан ба се гурӯҳ тақсим намудааст:
- Ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд. Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳои зерин дохил мешавад: ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ (м. 144 КҶ), ошкор намудани сирри тиббӣ (м. 145 КҶ), вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобирот телеграфӣ ё дигар мухобирот (м. 146 КҶ), вайрон намудани дахлнопазирии манзил (м. 147 КҶ), ғайриқонунӣ маҳдуд кардани тағйири макон, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он(м. 149 КҶ), монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динӣ (м. 157 КҶ), монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо (м. 161 КҶ), вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон (м. 163 КҶ), монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нўҳсола) (м. 164 КҶ).
- Ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд. Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳои зерин дохил мешавад: вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон (м. 143 КҶ), шиканҷа (м. 1431 КҶ ҶТ), радди додани маълумот ба шаҳрванд (м. 148 КҶ), монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ (м. 150 КҶ), сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ ё ҳисоби нодурусти овоз (м. 151 КҶ), монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (м. 158 КҶ), ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоти диние, ки ба шахсият ва ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз мекунанд (м. 159 КҶ), вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузормҳо ва роҳпаймоиҳо (м. 160 КҶ ҶТ), монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон (м. 162 КҶ).
- Ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоии инсон ва шаҳрванд. Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳои зерин дохил мешавад: маҷбур намудан барои иштирок дар корпартоӣ ва ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ (м. 152 КҶ), вайрон кардани қонунҳои меҳнат (м. 153 КҶ), напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳо (м. 1531 КҶ), вайрон кардани қоидаҳои муҳофизати меҳнат (м. 154 КҶ), беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдўш намудани зани синни кўдакаш то сесола (м. 155 КҶ), вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он (м. 156 КҶ), вайрон кардани ҳуқуқҳо ба ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои муфид (м. 1561 КҶ).
Ҳамин тавр, мақсад ва аҳамияти ҷавобгарии ҷиноятӣ барои барои поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионӣ, пеш аз ҳама: а) муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳамчун кафолати ҳифзи ин ҳуқуқҳо амал мекунад; б) ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳамчун василаи тарсондан ва пешгирии ҷинояткорӣ амал мекунад; в) барои шахсоне, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудааст, адолат ва қонуният тавассути ҷавобгарии ҷиноятӣ таъмин карда мешавад. Мақомоти судӣ, ки ба баррасии ин ҷиноятҳо машғуланд, вазифадоранд, ки адолатро барқарор намуда, шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашанд; г) бо татбиқи ҷавобгарии ҷиноятӣ ба шахсоне, ки ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои шаҳрвандро поймол мекунанд, тартиботи ҷамъиятӣ низ таъмин мегардад.
Ҳамин тавр, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои поймол кардани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз механизмҳои муҳими таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқҳо буда, бо ёрии ин механизм, давлат шахсони ҷинояткорро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ба ин васила кафолати ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти шахсиро ҳифз менамояд.
Корманди Суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Маҳфилоро БАСИРЗОДА