Конститутсия ҳуҷҷати олии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо

«Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия қонунест, ки маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дошта, шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конститутсия гуфтаанд: «Муҳимтар аз ҳама Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиrлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчунин субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем».

Аз рӯзи қабули Қонуни асосии кишвар дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд, ки баробари бисту шаш соли қадамҳои устувор дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Конститутсия давлати моро ҳамқадами давлатҳои пешрафта гардонд. Бо Конститутсия мо тавонистем рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатиамонро таъмин намоем. Ба шарофати қабули Конститутсия пояи Истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам гардид ва заминаи ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳо барои солҳои минбаъда фароҳам оварда шуд.

Ҳамагон дар хотир дорем, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо дар асоси нақшаҳои тарҳрезигардидаи душманони дохилию хориҷии миллат ба ҷанги мусаллаҳонаи шаҳрвандӣ кашида шуд, бар асари ин ҷанг рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Имрӯз мо метавонем иброз намоем, ки бо баргузор гардидани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи тоза кушода шуд.

Бо саъю кӯшиши Сарвари давлат дар Иҷлосияи ХVI аввалин Қарорҳо оид ба хомӯш намудани ҷанги мусаллаҳона байни тарафҳои даргир, сарҷамъ овардани гурӯҳҳои мусаллаҳ, авфи иштирокчиёни муноқишаҳо ва  дигар санадҳои тақдирсоз қабул карда шуданд, ки татбиқи амалии онҳо барои таҳия ва қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдории муосири миллиамон имконият фароҳам оварданд.

Ҳар қадар, ки мо аз санаи қабули Конститутсияи кишварамон дур равем, ҳаёти ҷомеа аҳамияти таърихию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бомазмуну мундариҷаи нав рӯи кор меорад. Мо ҳамон қадар ба ақлу хиради халқи азизамон, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи роҳбари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ба бақои миллат ва давлат асос гузоштанд, аҳсант мегӯем. Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон садсолаҳо роҳнамои халқи мо ба сӯи ҷомеаи озоду пешрафта ва мутамаддин бошад, то давлати мо дар қатори дигар давлатҳои тараққикардаи дунё мақому мартабаи арзандаи худро дошта бошад.

Сангинзода Fайрат – раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе