Корҳои ободинию созандагӣ ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Нимаи аввали 4 сентябри соли равон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки раис, муовинони раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ, тозаю озода кардани атрофи бинои суд ба роҳ монда шуда, утоқҳои корӣ, роҳравҳо, толорҳои маҷлисгоҳи судӣ тозаю озода карда шуд.

Дар шанбегӣ ҳайати кормандони суд  фаъолона иштирок намуда, саҳни ҳавлии бинои суд ва дигар минтақаи ба корхона вобаста гардида тозаву озода карда, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карда шуда, гирду атрофи дарахтҳо нарм карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки то имрӯз  дар натиҷаи корҳои бунёдкориву созандагӣ дохил ва беруни бинои суд пурра таъмир карда шуда, дар саҳни он дарахтони ҳамешасабз шинонда шуданд.

Мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади боз ҳам ободу зебо ва тозаю озода гардонидани ҳудуди бинои суд, минбаъд низ бо ташаббуси кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегиҳо роҳандозӣ шудааст.

Ҳайати кормадони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасмим доранд, ки бо дарки масъулияти баланди сокини пойтахт будан дар хуррамгардонии Душанбешаҳр ва дар сатҳи байналмиллалӣ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни таърихии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳми худро гузоранд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории шанбегӣ