Коррупсия – зуҳуроти хавфноки ҷомеа

«Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад». «Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст». Ин гуфтаҳоро Президенти кишвар Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъкид намуданд, ки ҳанӯз 21 июли соли 1999 ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуданд.

Ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамьиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд. Дар даврони истиқлолият ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Дар ин самт ҳамаи санадҳои дахлдори байналмилалӣ, аз ҷумла соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зиддикоррупсия ба тасвиб расонида шуданд. Дар вохӯрии мазкур инчунин қайд гардид, ки «бо назардошти он ки коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки глобалӣ мебошад, соли 2003 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардид ва дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳо оид ба мубориза иқдомҳои зиёдеро вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт амалӣ намуд.

Коррупсия дар тамоми шаклҳояш рафтори зиддиҳуқуқӣ эътироф гардида, нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин кирдор ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуд.

Ҳамин тавр заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия муҳайё карда шуда, мақомоти ба муқобили коррупсия мубориза баранда муайян карда шуданд».

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Ҳарчанд дар самти муқовимат ба коррупсия ва пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони судҳои ҷумҳурӣ корҳои назаррасе амалӣ шуда истода бошанд ҳам, вале ҳолатҳои ба ҷинояти коррупсионӣ даст задан, ки обрӯ ва эътибори ҳокимияти судиро дар назди аҳли ҷомеа коста мегардонад, ҳоло ҳам мавҷуданд. Вазъияти ба амаломада тақозо менамояд, ки дар ин самт чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Ҷиҳати иҷрои ин супоришҳо дар суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе як қатор чораҳо амалӣ карда шудаанд. Пеш аз ҳама, матни Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30.08.2013 сол таҳти №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», Нақшаи дохили идоравӣ оид ба муқовимат бо коррупсия иборат аз 11 банд қабул карда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки яке аз масъалаҳои асосии ҷаласаҳои кормандони дастгоҳи суд ва судяҳои суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе мавзӯи пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар мақомоти судӣ мебошад. Роҷеъ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҳар яки мо назаррас мебошад. Ҳар як нафар бояд доимо дар андешаи ҳифзи обрӯю эътибори давлати соҳибистиқлол, мақому мартабаи давлат ва ояндаи оилаву фарзанди худ бошад.

Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ташкилоту корхонаҳо аз ҷониби судяҳо вохўриҳо гузаронида мешаванд, ба шаҳрвандон мафҳуму моҳияти қарорҳои судӣ ва санадҳои ҳуқуқии доир ба ин масъала қабулгардида баррасӣ карда мешаванд.

 

С.М. Кабирозода,

муовини раиси суди ноҳияи

Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе