Маҷлиси идона бахшида ба фарорасии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 сентябри соли ҷорӣ, дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба фарорасии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси суд Кабирзода Сарфароз Мизроб, муовини раиси суд Нурализода Сафар Маҷид, судяҳо Исозода Хуршед Искандар, Ҳамидзода Муҳаммад, Шарофзода Баҳодур Қурбон, Ширинзода Ҷурабек, Исмонзода Исфандиёр ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур сараввал муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кабирзода Сарфароз кормандони суди ноҳия ва дар симои онҳо тамоми ҳамватанони мамлакатро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз арзиши олии ин ҷашни бузург барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниётҳои некӣ худро иброз доштанд.

Қайд карда шуд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки сӣ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш «9-сентябр» расман рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик Иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Сипас, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳамидзода М.М. қайд намуданд, ки баъди истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ҷиҳати тақвият ва густариши минбаъдаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, ҳокимияти судию адолати судӣ, заминаҳои боэътимоди ташкиливу ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ пайдо шуданд. Дар натиҷаи татбиқи мақсаднок ва бомароми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар барои фаъолияти ҳокимияти судӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Яке аз заминаҳои муҳим ва такондиҳанда дар самти ишкишофи низоми судӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ба ҳисоб меравад, ки барои ислоҳоти ҳокимияти судӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар ташаккулу таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонунияту адолат дар кишвар корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам гардидани ҳокимияти судӣ ба сифати шохаи алоҳида ва мустақил, инчунин, давра ба давра қабул гардидани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ далели равшани ин гуфтаҳост.

Дар охири ҷаласа аз тарафи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кабирзода Сарфароз Мизроб ба як қатор кормандони дастгоҳи суди ноҳия барои дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, хизмати намунавии давлатӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳматномаҳо эълон карда шуд.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласа: