Маҷлиси идона бахшида ба «Рӯзи Модар – 8 март»

Нимаи рӯзи 5 марти соли равон дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷлиси корӣ бахшида ба «Рӯзи Модар – 8 март» доир гардид.  Раиси суд – Сангинзода Ғайрат бонувони суд ва дар симои онҳо тамоми модарон, собиқадорон ва бонувони мамлакатро бо фарорасии «Рӯзи Модар – 8 март» муборакбодӣ намуда, қайд карданд, ки модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Яъне, дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, азиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад. Модар, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Сипас бонувони суд аз ҷониби раиси суд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласа: