Маҷлиси тантанавии кормадони дастгоҳи суд бахшида ба фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 сентябри соли ҷорӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Маҷлисро деректори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо бузургтарин дастоварди миллати тоҷик, Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.

Сипас Мартабшозода Фаридун – котиби судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бораи аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд карданд, ки аввалин санади ҳуқуқие, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул шудааст. Дар моддаи 1-уми Эъломия таърифи мафҳуми истиқлолияти давлатӣ – «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» сабт гардид.

Бо вуҷуди он, ки дар Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он тасаввур мешуд, андешаҳое баён гардиданд, ки моҳиятан ифодакунандаи давлати озоду мустақил буданд. Чунончи, ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба сарватҳои миллӣ, замин ва боигариҳои зери заминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва ғайра.

Пасон ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 дар пойтахти ҳамон вақтаи ИҶШС – шаҳри Москва ва шикасти он ҳама ҷумҳуриҳои ҳамон вақтаи ИҶШС-ро водор намуданд, ки масъалаи истиқлолияти худро бо дарназардошти шикасти воқеии ИҶШС аз нав баррасӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, Изҳороти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайри навбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд. Баъд аз ин, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори махсус қабул кард, яъне изҳороти мазкур бо Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардонида шуд.

Худи ҳамон рўз, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон  дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд.