Маҳрум сохтан аз озодӣ барои ошкоро тасарруф намудани молу мулки ғайр

Тибқи талаботи моддаи 46 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад.

Ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.

Аммо нафароне ҳастанд, ки нисбаташон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шуда, ба худ боз хулосаи зарурӣ набароварда даст ба кирдорҳои ҷинояткорона мезананд.

Чунончи, суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Сангинзода Ғайрат дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд 28 апрели соли 2020 парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда:

Сайфутдинов Умарали Шамсудинович,  20 июли соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи нопурра, ҷои кор надорад, муҷаррад, қаблан суд шудааст: бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 29 марти соли 2017 бо моддаи 375 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 моҳ маҳкум гардида, 28 августи соли 2017 бо тамомшавии муҳлати адои ҷазо аз ҳабс озод шудааст, доғи судӣ дорад, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи  Қ.Раҳимов дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 248 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Сайфутдинов Умарали Шамсудинович барои ҷинояти қасдонаи содиркардааш чунин айб эълон гардида буд:

Сайфутдинов Умарали Шамсудинович санаи 01 марти соли 2020 тахминан соати 01:00 дақиқа ҳангоми дар назди Маркази дилхушии «ЛОФТ», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Дӯстии Халқҳо қарор доштанаш, шаҳрванд Мусоев Улуғбек Нематҷоновичро, ки дар ҳолати истеъмоли нӯшокии спиртдор қарор ва дар даст телефони мобилӣ доштааст мушоҳида намуда, қасди ошкоро тасарруф намудани онро кардааст. Бо ин мақсад Сайфутдинов Умарали Шамсудинович ҷабрдида Мусоев У.Н.-ро думболгир шудааст. Сипас ҳангоми ба наздикии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод расидани ҷабрдида, ӯ аз фурсати муносиб истифода намуда, аз қафо ба Мусоев У.Н. наздик гардида, аз дасти ҷабрдида, ки ин лаҳза тариқи телефони мобилиаш гуфтугӯи телефонӣ доштааст,  ба таври ошкоро телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси НОТ 8»-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Бо чораҳои андешидашуда Сайфутдинов Умарали Шамсудинович санаи 09 марти соли 2020 дастгир гардида, телефони мобилц аз ӯ гирифта шудааст.

Судшаванда Сайфутдинов Умарали Шамсудинович дар мурофиаи судӣ худро бо айби нисбаташ бо моддаи 248 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонкарда пурра гунаҳгор шуморида, ҷиҳати амалӣ кардани ҳуқуқҳояш раводиди моддаи 311 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз додани нишондод дар мурофиаи судӣ даст кашид. Ӯ иброз намуд, ки аз карда пушаймон мебошад ва дархост кард, ки нисбаташ ҷазои нисбатан сабуктар таъин карда шавад.

Бо қайди ин далелҳо суд ҷинояти содирнамудаи Сайфутдинов Умарали Шамсудиновичро исботшуда ҳисобида, ҳаракатҳои ӯро барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 248 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф намудани молу мулки ғайр, ки бо расонидани зарари ҷиддӣ ба ҷабрдида анҷом дода шудааст, банду баст кард.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо, шахсияти судшаванда ба инобат гирифта шуда, суд  Сайфутдинов Умарали Шамсудинович дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 248 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ 5 (панҷ) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин кард.