Масъалаи гардиши ғайриқонуниии маводи нашъадор – вабои аср

Масъалаи гардиши ғайриқонуниии маводи нашъадор яке аз асоситарин мушкилоти ҷомеаи имрӯз ба шумор меравад. Падидаҳои номатлуби алоқаманд ба маводи нашаъдор ҳар як фарди солимфикри ҷомеаро ба ташвиш меорад, зеро он ба миллату давлат таъсир расонида, вазифаи асосии афзоиши инсонро хароб месозад.

Таҷрибаи зиндагӣ нишон додааст, ки на танҳо оилаҳои камбизоат, инчунин, бисёр оилаҳои муваффақ аз офати нашъа ҷабр дидаанд ё ҷабр мебинанд. Нашъаҷаллобон ниҳоят корчаллон ҳастанд, бар ивази нобуд сохтани ҳаёт ва тақдири инсонҳо, ба хотири фоида ва даромади худ, бо кӯшишҳои зиёд торафт фазои васеътар ва гуногунро фаро мегиранд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ онҳо ба ҳама чиз қодиранд.

Бояд зикр кард, ки мубориза бар зидди маводи мухаддир ва моддаи психотропӣ яке аз сиёсати доимии пешгирифтаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон низ ба шумор меравад.

Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аз ҷониби баъзе афрод ба чашм мерасад. Бо ҳамин мисол оварда метавонем, ки санаи 15 майи соли равон судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. бо иштироки машваратчиёни халқӣ Умаров У. ва Шамсиева М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандаҳо:

  1. Абдул Аҳмад Малик Аҳмад, 22-юми январи 1969 соли таваллудаш, зода ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор соҳиби се нафар фарзанд, пеш суд нашудааст, то ҳабс муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ,

дар содир намудани ҷиноят  бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,-

  1. Маъсуд Ҳабибулло, 01-уми январи соли 1983 санаи таваллудаш, зода ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, муҷаррад, пеш суд нашудааст, то ҳабс муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур,

дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

  1. Наҷмиддин Садриддин, 08-уми июли соли 1984 санаи таваллудаш, зода ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, муҷаррад, пеш суд нашудааст, то ҳабс муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев,

дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” ва 36 қисми 2-289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Суд бо назардошти ҳолатҳои содиршавии ҷиноят, дараҷаи хавфнокии он, шахсияти судшавандагон, рафтори онҳо ҳангоми содир намудани ҷиноят ва пас аз содир намудани ҷиноят, ба мақсад мувофиқ донист, ки баҳри пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав ва бо мақсади ислоҳ намудани судшавандагон ба хулоса омад, нисбати судшавандагон Абдул Аҳмад Абул Малик, Маъсуд Ҳабибулло ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар доираи раводиди қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд ва нисбати Наҷмиддин Садриддин ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар доираи раводиди қисми 4 моддаи 200, 36 қисми 2-289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуда, бо татбиқи қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоиро бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида муайян намояд.

Суд чунин ҳисобид, ки татбиқи чунин намуд ва андозаи ҷазо барои расидан ба мақсади ҷазо, ки аз барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшудагон, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав иборат аст, зарур ва кофӣ мебошад.

Бо ҳамин суд Абдул Аҳмад Малик Аҳмад ва Маъсуд Ҳабибулло бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наҷмиддин Садриддин бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” ва 36 қисми 2-289 қисми 3  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташон чунин ҷазо таъин кард:

  • ба Абдул Аҳмад Малик Ањмадбо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 (ҳаждаҳ)  сол  бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шавад.
  • ба Маъсуд Ҳабибулло бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 (ҳаждаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шавад.

Ба Наҷмиддин Садриддин,

— бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 (ҳаждаҳ)  сол,

— бо моддаҳои 36 қисми 2-289 қисми 3  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) сол таъин карда шавад.

Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда ба Наҷмиддин Садриддин ҷазои  ниҳоӣ  19 (нуздаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шавад.

 

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Шарофзода Б.Қ.