Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

“Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.

Муҳаммад Ғаззолӣ

 Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст,  дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.

Дар қисми дуюми моддаи 34-и  Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили  ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одабаш аз он азизтар”. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару моддарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад».

Кӯдак дар ҳама гуна ҳолат бояд байни онҳое бошад, ки аввалин шуда, ҳифзи иҷтимоӣ мебинанду ёрӣ мегиранд, зеро ғамхории доимӣ дар ҳакқи кӯдакон шарти ногузири ҳастӣ ва рушди халқ, давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

“Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд”. Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқи ӯ ба ном аст. Яъне, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин кӯдак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Падару модар уҳдадоранд ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд. Зеро гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 аз 27 июли 2016 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Пас аз таваллуд, фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

“Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд.”Кӯдак низ ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеа ва категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори дигар калонсолон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ аллакай аз хурдсолии ӯ аз он лаҳзае оғоз меёбад ки ӯ аз чанд давраи эмкунӣ мегузарад, ки ин эмкунӣ бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча ва ғайра амалӣ мегардад. Баъд дар давоми наврасӣ ва ба воярасонии кӯдак падару модарро мебояд аз вазъи саломатии фарзанди хеш огоҳ бошанд ва беаҳмиятӣ зоҳир накунанд.

“Гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд”Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд; кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд; ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд; ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд; аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд ва ба ин монанд уҳдадориҳоро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи падару модар вогузор намудааст, ки саркашӣ намудан аз иҷрои ин уҳдадориҳо боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад.

Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.

Ҳамаи ин ӯҳдадориҳои дар боло зикршуда ҳангоми риоя нашудан метавонад оқибатҳои ҳуқуқуқиро ба бор оваранд, ки аллакай аз амалияи ҳуқуқӣ ба қисмати зиёди аҳолии кишвар маълум аст. Тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии падару модар барои риоя накардани ӯҳдадорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад, ки ҷавобгарии маъмуриро дар намуди огоҳӣ ва аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ гардидааст, ки айни замон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷову ҳашт сомониро ташкил дода, маблағи ҷаримаи пешбининамудаи қонунгузор аз 174 то 290 сомониро дарбар мегирад.

Ҳамаи ин дар назари аввал як кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ менамояд, аммо ин метавонад оҳиста-оҳиста аз беназоратии волидайн такрор ёфтан гирад ва то ҳатто ба ҷиноят даст задани фарзанд низ оварда расонад, ки мебоист инро бармаҳал пешгирӣ намуд.

Эҳсоси масъулияти баланди падарию модарӣ ва тарбияи фарзандони бомаърифат ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуда, барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони покдошта заминаи устувор мегузорад. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир  дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем.

Бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гуна муносибате ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт, ҷоҳилӣ хулқаш мегардад.

“Танҳо маърифат пеши роҳи ҷахолатро гирифта метавонад” (Эмомалӣ Раҳмон).

Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ балки алакай ӯҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст ва амалишавии он гарави ба таври дахлдор тарбия намудани фарзанд мегардад.

Дар заминаи гуфтаҳои боло тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дар тарбия ва таълими насли имрӯза бетафовут набошанд.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои барқарор намудани муносибатҳои оилавӣ ва дар рӯҳияи оилаи солим ба воя расидани фарзандони ноболиғ тадбирҳо андешида истодааст. Мисоли равшанро аз таҷрибаи судӣ оварда метавонем.

Чунончӣ, санаи 18 сентябри соли 2019 дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи оилавӣ бо даъвои А.А. нисбати Б.Б. «оиди бекор кардани ақди никоҳ» мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Муайян карда шуд, ки даъвогар А.А. даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки ў бо ҷавобгар Б.Б. соли 2017 оила барпо намуда, ақди никоҳашонро дар Шуъбаи хонаи ақди никоҳи шаҳри Дешанбе санаи моҳи сентябри соли 2017 ба қайд гирифтаанд. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби се фарзанди хурдсол мебошанд. Аз аввали хонадоршавиашон муносибатҳои онҳо хуб буда, байни онҳо ҳурмату эҳтиром ва муҳаббат ҷой доштааст. Аммо бо мурури замон муносбатҳои оилавии онҳо сард гардида, ҷангу ҷанҷоли оилавӣ ба миён омадааст. Аз моҳи сентябр онҳо зиндагонӣ намекунанд. Ў дигар хоҳиши бо ҷавобгар якҷоя зиндагонӣ карданро надоштааст, чунки байни онҳо ҳурмату эҳтиром набуда, якдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат ҷой надоштааст. Аз суд хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи ў бо ҷавобгар, бе додани муҳлати оштишавӣ бекор карда шавад.

Суд муводҳои парвандаро омўхта, баёноти тарафҳоро санҷида, ҳолатҳои воқеии парвандаро муқаррар намуда, ба чунин хулоса омад.

Тибқи муқаррароти моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Даъвогар А.А. нисбати ҷавобгар Б.Б. оиди бекор кардани ақди никоҳ ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки ақди никоҳаш бекор карда шавад.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 21 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад.

Дар мурофиаи судӣ даъвогар А.А. баён намуд, ки бо сабаби ба миён омадани нофаҳмиҳо ва мувофиқ наомадани хислатҳояшон бо ҷавобгар муносибатҳои оилавиашон қатъ гардидааст. Хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи онҳо бекор карда шавад.

Ҷавобгар Б.Б. бо ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи даъвогар розӣ нашуда, аз суд хоҳиш намуд, ки ба онҳо барои барқарор намудани муносибатҳои оилавӣ боз муҳлат дода шавад. Ў намехостааст, ки оилаи онҳо вайрон шавад. Сабаби вайрон гардидани оилаи онҳо ин ба муносибатҳои оилавии онҳо дахолат намудаи модари даъвогар будааст. Ў кўшиш мекардааст, ки муносибатҳои оилавиашро бо даъвогар барқарор намояд.

Тибқи талаботҳои моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.

Суд ваҷҳҳои дар аризаи даъвогӣ ва дар мурофиаи судӣ пешниҳоднамудаи даъвогар А.А.-ро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки онҳо асос барои бекор намудани ақди никоҳ шуда наметавонанд, зеро ҷавобгар Б.Б. тамоми кўшишҳоро намуда истодааст, ки оилаи онҳо барқарор шавад, ғайр аз ин онҳо аз зиндагии якҷо соҳиби се фарзанд гардидаанд. Яъне зиндагонии якҷояи минбаъдаи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконпазир мебошад. Бинобар ин, суд дар маҷмўъ ҳамаи ҳолатҳои дар боло зикршударо ба инобат гирифта, бо мақсади таъмини пойдорию устувории оилаи ҷавонон, аризаи даъвогии А.А. нисбати Б.Б. оиди бекор кардани ақди никоҳро рад кард.

 

Содиқова Шаҳноза-корманди дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе