Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор

Санаи 15 марти соли ҷорӣ судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Х.И. бо иштироки машваратчиёни халқӣ Вализода М.М. ва Корчаев Б.Б. дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳия парвандани ҷинотиро нисбати:

Икромов Авазхон Саидович 27 майи соли 1979 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии ҳарбӣ, муваққатан бекор, беҳизб, қаблан суд нашудааст, оиладор соҳиби як фарзанд, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Икромов Авазхон Саидович барои содир намудани ҷинояти қасдонаи моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор бо аломатҳои такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон ва ба миқдори махсусан калон содир шудааст ва бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои контрабанда (қочоқ), яъне аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани воситаҳои нашъадор, бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ пешбинӣ мекунад айб эълон гардидааст.

Судшаванда Икромов Авазхон Саидович дар мурофиаи судӣ бо айби ба ӯ эълошуда худашро гунаҳгор нашуморида, нишондод дод, ки ҷиноятҳои вобаста ба онҳо нисбати ӯ айб эълон шудааст содир накардааст ва шахсоне, ки нисбати ӯ нишондод додаанд ӯ нишондодҳои онҳоро тасдиқ намекунад ва чунин мешуморад, ки нишондодҳои нисбати ӯ додашуда бардуруғ мебошанд. Аз ин рӯ аз суд хоҳиш намудааст, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ дар доираи қонун дида баромада шавад.

Гарчанде судшаванда Икромов Авазхон Саидович худро бо айби ба ӯ эълоншуда гунаҳгор ҳисоб накунад ҳам, гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷинояти мазкур бо дигар далелҳои парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд буда тасдиқи пурраи худро ёфт.

Суд ваҷҳи судшаванда Икромов Авазхон Саидовичрооиди он, ки гӯё ӯ ҷиноятҳои мазкурро содир накардааст, бе мавқеъ ва ба ҳолатҳои кор мувофиқ набуда ҳисобида ва онро бо ҳамаи далелҳои овардашуда, рад кард.

Бинобар ин суд кирдори судшаванда Икромов Авазхон Саидовичро бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор бо аломатҳои такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон ва ба миқдори махсусан калон содир шудааст ва бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои контрабанда (қочоқ), яъне аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани воситаҳои нашъадор, бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ пешбинӣ мекунад банду баст кард.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои содиршуда, ҳолатҳои сабуккунанда, вазнинкунанда ва шахсияти судшаванда Икромов Авазхон Саидовичро ба инобат гирифта, ӯро бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, чунин ҷазо таъин кард:

Ба Икромов Авазхон Саидович бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 14 (чордаҳ) сол таъин карда шавад.

Ба Икромов Авазхон Саидович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 (шаш) сол бидуни мусодираи молу мулк таъин карда шавад.

Бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳоӣ нисбати Икромов Авазхон Саидович дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 (понздаҳ) сол, бидуни мусодираи молу мулк бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт, таъин кард.