НАВРӮЗ ВА ТАЪРИХИ ОН
«Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва Соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам ЭМОМАЛӢ РАХМОН
Дар қатори ҷашнҳои миллию давлатӣ ва мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад.
Наврӯз, соли нав, қадимтарин ҷашни тоҷикон аст, ки ба рузи аввали солшумории шамсӣ — 1-уми фарвардин ё 20-21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол», «Иди соли нав» ва дар байни мардуми Бадахшон «Хидир аём» меноманд. Наврӯз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробаршавии шабу руз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирузии рушноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилкати инсону табиат дар байни мардумони Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қавқоз таҷлил мешавад.
Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши Наврӯзро бо фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдоди Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози «Шоҳнома» оварда аст, ки «Ҷамшед бад аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони подшоҳии хеш бо ёрии фарри каёнӣ ва мувофиқ ба шукуҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба душ гирифта аз замин ба осмон боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти у метобид ва иникос шуда медурахшид. Мардум ин манзараро дида дар шигифт шуданд ва он рӯзро «рӯзи нав» хонданд. Пас аз он рӯз Ҷамшед ба чашн гирифтани Наврӯз оғоз намуд.
Дар манобеи таърихию адабии бостонӣ ва қариб дар ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Фирдавсӣ, Истахрӣ, Ҳамзаи Исфахонӣ, Гардезӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз ва тарзи барпо гардидани он маълумоти муфассал додаанд.
Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиткунандаи дустию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон.
Бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, соли 2010 Созмони Милали Мугтаҳид онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф кард. Эмомалӣ Раҳмон ин руйдодро ифтихори миллии тоҷикон номида, гуфта қайд намуданд:
— «Наврӯз бо ташаббуси мо ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва имрӯз онро на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон ҷашн мегиранд.»
Судяи суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Каримзода Рузафзун Шодмон