НУҚТАЕ ЧАНД АТРОФИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун давлати соҳибистиқлол пазируфта шуда, ҷиҳати амнияти мудофиавии худ марҳилаҳои басо мураккабро бо мақсади ташкилу банизомдарории Артиши миллии хеш паси сар кардааст. Қадамҳои аввалин дар ин радиф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ” аз санаи 24.12.1991 ба ҳисоб меравад. Дар ин замина баъдан марҳила ба марҳила Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз санаи 04.01.1992, Фармон дар бораи таъсиси “Фронти халқӣ” аз санаи 10.06.1992 ва Фармони Президенти кишвар “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 17.09.1992 ба табъ расид.

Аммо бо ин ҳама кӯшишу талошҳои зиёд бо сабаби авзои носолими сиёсӣ ва серташвиши оғози истиқлоли давлатӣ имконияти таъсиси яке аз зарфиятҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Зеро кишвари азизамон дар шароити хело душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт, ки дар ҳар гӯшаи он хавфи хатар эҳсос мегардид.

Баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Артиши миллӣ амалан рӯи кор омад. Санаи 18.12.1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он бар дӯши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд. Қабул гардидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили артиши миллии тоҷикон фароҳам овард.

Санаи 23.02.1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи баргузоргардии ин парад, яъне 23-юми феврал ҳамчун – Рӯзи таъсисиёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 31-умин солгарди онро таҷлил менамоем.

Дар таъсиси ин падидаи таърихии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз доранд. Саҳми назарраси фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки тавонистанд дар айёми авҷи қувваҳои зиддидавлатӣ ва гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки вобаста ба ҳаҷму шумора аз неруҳои низомии мамлакат бартарӣ доштанд, ҳадафи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароранд. Ҳамон замон Президенти кишвар Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда, иброз доштанд, ки: “Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд”.

Бо гузашти 31 сол аз таъсиси Артиши миллӣ он аллакай ба таври дахлдор мукаммал гардида, имрӯз кафолати зиндагии осоиштаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва Ватани азизу маҳбубамон ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки дар ин Ватани амну субот ҳаёти бехавфу хатар ба сар мебарем ва шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем. Ин ҳама дастовардҳои нек ба Ватан содиқ будан ва хизмати шоиставу бенуқсони моро ба кишвари азизамон талаб менамояд.

Бо ин назардошт ҳамаи шаҳрвандони кишвари азизамонро бо фарорасии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке аз рӯзҳои муҳими кишвар табрику таҳният гуфта, барояшон рӯзгори обод ва саодатмандию пирӯзиҳоро таманно дорам. Бигзор Артиши миллии мо низ ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шарифи Ватани азизамон боқӣ монад.

Рӯзи Артиши миллӣ муборак ҳамватанони азиз!

 

Раиси Суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе

Кабирзода С.М.