Омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Ҷиҳати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақша-чорабинии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, баҳри сайқал додани таҷриба ва малакаи корбарӣ, дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани донишу таҷрибаи кормандон ва дастгирии мутахассисони соҳа омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Омӯзиши забони англисӣ бо иштироки раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар тӯли ҳафта, муддати се рӯз берун аз вақти корӣ ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин бо ташаббуси кормандони суд, охири рӯзи ҳафтаи корӣ, яъне ҷумъа, аз соати 17 то 19 соатҳои забони хориҷӣ эълон шудааст, ки шахсони ба омӯзиши забони хориҷӣ фарогирифта, кӯшиш карда мекунанд бо забони хориҷӣ гуфтугӯ кунанд.

Сабтҳо аз ҷараёни баргузории омӯзиши забони англисӣ: