ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7 — 8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод.161, № 7 — 8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1 — 2, мод. 2, мод. 3, № 7 — 9, мод. 586; с. 2018, № 1, мод. 4, мод. 5, № 5, мод. 266, № 7 — 8, мод. 522; с. 2019, № 1, мод. 1, мод. 2, № 6, мод. 311; с. 2020, № 1, мод. 8, мод. 9, № 7 — 9, мод. 607, мод. 623, № 12, мод. 904), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 200:
— ба ном ва диспозитсияи қисми 1 пас аз калимаҳои «моддаҳои психотропӣ» калимаҳои «ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо» илова карда шаванд;
— ба эзоҳ банди 4) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4) Миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони   ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки маводи ҳаммонанди (аналоги)  онҳо мебошанд, мувофиқанд.».
2. Ба ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 201, ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 202, ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 203, ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 205 пас аз калимаҳои «моддаҳои психотропӣ» калимаҳои «ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо» илова карда шаванд.
3. Ба диспозитсияи қисми 3 моддаи 289 пас аз калимаҳои «прекурсорҳои онҳо,» калимаҳои «ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар» илова карда шаванд.
4. Ба мафҳумҳои замимаи 1 ҷадвали №1 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар — маводи муомилоташ манъшуда мебошад, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ҳамчун воситаи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо гурӯҳбандӣ нашуда, ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дохил нагардидааст ва сохтори химиявию хусусиятҳояш ба сохтори химиявӣ ва хусусияти маводи нашъаовар, ки таъсири психоактивӣ доранд, монанд мебошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 апрели соли 2021, № 1776
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 31 марти соли 2021, № 349
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 140
(хабар аз https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=43967 истифода шудааст)