ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7 – 9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8, № 5, мод. 270, мод. 271; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, № 1660) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 29 қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«7. Ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуқуқ дорад ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони зерин иштирок намояд:
– ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
– шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ доштан ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад.
8. Ҳуқуқшиноси давлатӣ дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» иштирок менамояд.».
2. Моддаи 291 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 291. Пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат
1. Пардохти ҳаққи хизмати адвокате, ки ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, аз ҳисоби  давлат ба шахсони зерин кафолат дода мешавад:
– шахсе, ки имконияти пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгарро надошта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
– ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
– шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ доштан ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад;
– ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.
2. Ҳангоми таъмини ҳимоятгар аз ҳисоби давлат судя қарор ва суд дар бораи таъини адвокат ба сифати ҳимоятгар ва пас аз ба анҷом расидани пешбурди парванда дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат  таъинот мебароранд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1695

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2020, №78

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 28