ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Сархати сеюми қисми 2 моддаи 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013  қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8, № 5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, № 1, мод. 7, № 7-9, мод. 601, мод. 605,     мод. 622, № 12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, № 1-2, мод. 4), дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ  ва муовинони ӯ, сардорони шӯъбаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳамин сарраёсат, сардорони раёсатҳои  хадамоти давлатии оташнишонӣ ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони шӯъбаҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ, сардорони қисмҳои мустақил, тобеъ ва дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ  оид ба муҳофизати шаҳру ноҳияҳо, сардорони Дидбонгоҳҳои тобеи қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои ҳаётан муҳим,  нозироти хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сардорони қисмҳои мустақил ва Дидбонгоҳҳои тобеи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба иншоотҳои хоҷагии халқ доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаҳои 287 ва 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 апрели соли 2021, № 1775
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 31 марти соли 2021, № 351
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 139
(хабар аз https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=43965 истифода шудааст)