ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ.1,    мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №1755), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 9 ҷумлаи якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бояд қонунӣ ва асоснок бошад.».
2. Дар моддаи 11:
— қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ӯҳдадоранд дар доираи ваколати худ шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда, ё ин ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё рӯҳӣ ё дар ҳабс, ё ҳабси хонагӣ зиёда аз мӯҳлати дар Кодекси мазкур пешбинигардида нигоҳ дошташударо фавран озод намоянд.»;
— қисми 5 қисми 6 ҳисобида шавад.
3. Ба  моддаи 14 пас аз калимаи «танҳо» калимаҳои «бо қарори суд» илова карда шаванд.
4. Ба қисми 1 моддаи 22 пас аз калимаи «лаҳзаи» калимаи «воқеан» илова карда шавад.
5. Қисми 1 моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Иштирокчиёни мурофиа, шаҳрвандон, намояндагони корхона, муассиса ва ташкилотҳои ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз амали (беамалии) шахсони масъул ё аз болои қарори суд, судя, прокурор, сардори воҳиди тафтишотӣ, муфаттиш, сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда шикоят кунанд.».
6. Ба матни моддаи 351 пас аз калимаи «мутобиқи» калимаҳои «ҳамин Кодекс ва» илова карда шаванд.
7. Ба қисми 1 моддаи 38 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- муфаттишро аз пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дур созад, агар муфаттиш талаботи Кодекси мазкурро вайрон карда бошад;».
8. Сархати чоруми қисми 2 моддаи 60 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- коромӯзон, ёрдамчиёни ғайривоҳидӣ (ҷамъиятӣ) ва кормандони воҳидии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.».
9. Дар моддаи 85:
— қисми 1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«1. Исбот кардан аз ҷамъ овардан, тафтиш ва баҳодиҳии далелҳо бо мақсади муқаррар кардани ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад.»;
— матни модда қисми 2 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад.
10. Моддаи 1191 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 1191. Тартиби ирсол намудани шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордошта
1. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ӯҳдадор аст фавран ба мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро, ки ба унвонии он ирсол гардидааст, супорад.
2. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ӯҳдадор аст шикояти шахси дастгиршуда ё таҳти ҳабс қарордоштаро оид ба шиканҷа, дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин оид ба амал ва қарори корманди мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш на дертар аз се шабонарӯз ба прокурор ё суд, шикоят оид ба амал ва қарори прокурорро ба прокурори болоӣ ё суд супорад. Дигар шикоятҳо бояд дар ҳамин мӯҳлат пас аз ворид шудани онҳо ба маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ба шахс ё мақоме, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди он қарор дорад, супорида шаванд.».
11. Қисми 1 моддаи 259 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисона баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ онро аз як суд ба дигар суди монанд супурдан мумкин аст. Бо ин асосҳо супурдани парвандаи ҷиноятӣ танҳо пеш аз оғози баррасии он дар маҷлиси суд дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад:
— бо дархости тарафҳо дар ҳолати қаноатбахш кардани раддия ба ҳайати пурраи суд тибқи талаботи моддаи 63 Кодекси мазкур;
— бо дархости тарафҳо ё бо пешниҳоди раиси суд, агар қаблан парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби ҳамин ҳайати суд баррасӣ гардида бошад;
— бо дархости тарафҳо, ё ин ки бо пешниҳоди раиси суд, агар на ҳама иштирокчиёни мурофиаи судӣ дар ҳудуде, ки парванда баррасӣ мегардад, истиқомат кунанд ва ҳамаи айбдоршавандаҳо барои тағйир додани тобеияти судии ҳудудии парвандаи ҷиноятии мазкур розӣ бошанд.».
12. Ҷумлаи сеюми қисми 1 моддаи 369 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Сипас раисикунанда ҳайати суд, насаб, ном ва номи падари шахсони ба сифати тараф дар маҷлиси судӣ ҳузурдошта ва тарҷумонро эълон намуда, ба онҳо изҳори рад намуданро мефаҳмонад ва аз онҳо мепурсад, ки аризаҳои радкунӣ доранд ё не.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 апрели соли 2021, № 1777
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи  моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 10 феврали соли 2021, № 324
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 141
(хабар аз https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=43966 истифода шудааст)