ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; с.2020, №1, мод.6, №7-9, мод.604, мод.606, мод.621, №12, мод. 900, мод.901), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 683 пас аз калимаҳои «ибтидоии ҳарбӣ» аломат ва калимаҳои «, гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта» илова карда шаванд.
2. Ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 686 пас аз калимаҳои «нуқтаҳои ҷамъшавӣ» аломат ва калимаи  «, омӯзиш» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 687:
— дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз ду то се» ба калимаҳои  «аз чор то шаш» иваз карда шаванд;
— дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз се то панҷ» ба калимаҳои «аз шаш то даҳ» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 689:
— дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз як то ду» ба калимаҳои  «аз ду то чор» иваз карда шаванд;
— дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз се то панҷ» ба калимаҳои «аз шаш то даҳ» иваз карда шаванд.
5. Дар санксияи қисми 1 моддаи 691 калимаҳои «аз як то ду» ба калимаҳои «аз ду то чор» иваз карда шаванд.
6. Моддаи 6911 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 6911. Саркашӣ намудани шаҳрванди синни даъватӣ (даъватшаванда) аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ
Барои қасдан саркашӣ намудани шаҳрванди синни даъватӣ (даъватшаванда) аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ, —
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1784
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 28 апрели соли 2021, № 390
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 156
(Қонуни мазкур аз https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=44467 истифода шудааст)