Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон.

Бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ҳар сол санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мегардад. Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.
Тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ  рамзҳои давлатӣ мебошанд. Бинобар ин дар ҳамин асос эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи виҷдонии ҳар соҳибватан аст.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он ҳамасола 24-ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат дар фазои суббот, ваҳдату ҳамраъйӣ ва умед ба фардои неку дурахшон таҷлил мегардад, ки ин нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас аст. Сокинони мамлакат ҳамасола ин ҷашни муқаддасу бошукӯҳро ботантана таҷлил намуда, сол ба сол ба он шукӯҳи тоза ато мекунанд. Зеро ҳар як фарди кишвар баробари нигоҳ кардану ба даст гирифтани Парчами миллӣ вуҷудашро ҳисси ифтихор ва аз ватану ватандорӣ фаро мегирад, ки ин гувоҳ аз худшиносиву худогоҳӣ ва фарҳангсолору соҳибтамаддун будани мардуми куҳанбунёди мост. Дар воқеъ мавҷудияти ин волотарин муқаддасоти миллӣ тавонист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ боиси боз ҳам устувортар гардидани ваҳдати миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва як идда бунёдкориҳо гардад. Парчами миллии мо барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва боз ҳам сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозидааст. Парчами давлатии мо инъикосгари таъриху фарҳанги пурғановат, расму оинҳои деринаи давлатдориамон, ифодагари марому ҳадафҳои мардуми сарбаланди кишварамон буда, дар таҳкими давлати ободу осуда, дар самти бунёди ояндаи дурахшон чун рамзи давлати соҳибистиқлолу соҳибиқбол таҳти сарварии хирадмандонаи абармарди олими сиёсат, чеҳраи намоёну мондагору таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён аз мавҷудияти сарзамини соҳибфарҳанге бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад.
Ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дошт, ки ҳамчун муқаддасот дар сохтори  давлатдорӣ  ба шумор меравад. Парчами давлатӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки  симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами давлатӣ ин пос  доштан ва ҳимоя кардани  Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.   Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ муҳокима ва тасдиқ гардида буд. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза, барафрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати «Рўзи Парчам» рангҳои Парчамро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донистанд ва қайд карда буданд:
Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
 Барои ҳар фарди бонангу ори кишвари соҳибистиқлоламон боиси ифтихору саодат аст, ки Парчами давлатӣ ба тарғибу ҳифзи дастовардҳои кишвар, пойдории сулҳу субот, ҳамзистии осоишта, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз пайваста чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар бо афрохтани Парчами давлатӣ дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматкаши кишварамон зиндагии худро таҳти партави нури ҳаётбахшу роҳнамои ин рукни муҳими арзишҳои миллӣ пеш мебаранд. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои мамолики узви Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ дорад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таъриъхии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамояд. Парчам яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад ва ба дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад. Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад. Агар ба таърихи калимаи Парчам назар андозем он ба маънии “зулфу кокул” ва ҳамчунин “пўпаки абрешимӣ” пайдо шудааст, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд.
Кўҳантарин нишона дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи Ориёиҳо дар Авесто омадааст. Куҳнатарин намоди кишвардории тоҷикон Парчами бо номи “Дирафши Ковиёни” будааст, ки онро “Ахтари Ковиёни” ҳанўз аз давраҳои қадими давлатдории тоҷикон, аҷдодони мо дар замони Каёниён соҳиби рамз, яъне Парчам буданд.
Парчами миллӣ ин нишонаи муборизаю ҷонсупориҳои ҳар як халқу миллат, илҳомбахши кору фаъолияти фарзандони ҳар як давлат ва раҳнамои мардуми кишвар ба сӯи сарсабзию шӯкуфои мебошад.
Парчами давлатӣ дар фазои Тоҷикистон партавафшонӣ намуда, аз истиқлолияти комили давлатдории тоҷикон, нуфӯзи баланди хориҷии он, музаффарияту пешрафтаи халқи он дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ башорат медиҳад. Халқи тоҷик зери партавфишонии ин парчам дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки натанҳо иқтисодиёти худро аз нав сохта, ба зиндагии худ маънии тоза диҳад, балки Тоҷикистон таҳти ин парчам аз минбарҳои олӣ садои хешро баланд карда, дар ҳалли бисёр проблемаю масъалаҳои ҳалталаби сиёсии ҷаҳонӣ ташаббускорӣ зоҳир меанмояд.
Шуморо бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, рӯҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди муваффақият ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Бо эҳтиром.

Раиси суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Сангинзода Ғайрат