Рӯзи кормандони мақомоти судӣ – 26 октябр

Аз ҷониби роҳбарияти суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ – 26 октябр гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Зимни гузаронидани маҷлиси мазкур роҳбарияти суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кулли кормандони Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ – 26 октябр табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо мувафақиятҳо хост.