Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибистиқлол ва ягона буда, шакли олии нишони соҳибдавлатист. Тавре маълум аст, аз рӯи намои парчам давлати дахлдорро муайян намудан мумкин аст. Зери парафшонии парчам ифтихори  миллии ҳар як фарди ба нангу номус ва соҳибватан ҳамеша танинандоз мебошад. Парчам таърихи чандинҳазорсола дорад. Ин рамзи муқаддаси давлатӣ дар марҳалаҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз санаи 24  августи соли 1990 заминаҳои ҳуқуқии худро дар Эъломияи  истиқлолияти Тоҷикистон   пайдо намуда буд. Аз ҷумла дар моддаи 18 Эъломияи истиқлолияти давлатӣ муқарар шудааст, ки Нишони миллӣ, байрақ ва Суруди миллӣ рамзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муқаддасанд ва дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд. Дар ҳамин асос Шӯрои Олии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 “Дар бораи рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард. Ҳамин тавр вобаста ба ҳар як рамзи давлатӣ бо Қабули қонун низомномаҳои алоҳида қабул гардид. Аз ҷумла 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Баъдан бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 3 муқаррар гардид, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ мебошад. Баъд аз қабули Конститутсия зарурияти қабули ҳамаи қонунҳо бо тарҳи нав мутобиқ ба давлати соҳибистиқлол ва ягона ба миён омад. Дар ин раванд санаи 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он танзими ҳуқуқии ҳарсеи рамзҳои давлатии мо Нишон, Парчам ва Суруди миллиро муайян кард. Бо ҳамин Қонун тартибу ҷои парафшонии Парчаи давлатӣ, уҳдадории ҳар як шахс ҷиҳати эҳтиром ба он, ҷавобгар низ барои вайрон кардани қонуни мазкур муқаррар гардид. Ифтихори миллии мо Парчам аст. Рамзи сулҳу давлати мо Парчам аст. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

 

Бо эҳтиром.

Судяи суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Ҳамидзода М.М.