Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

“Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон  бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ  ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд”.

                                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

Таълиму тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин вазифаи волидон ба ҳисоб меравад. Тарбияи фарзанд аз рӯзи чашм ба олами ҳастӣ кушоданаш оғоз меёбад. Бузургони мо дар мавриди тарбияи фарзанд мегӯянд: «бачае, ки дар оила хуб тарбия меёбад бачаи хуб ба воя мерасад.» Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан ба маврид аст, ки тарбияи дурусти фарзанд аз волидон вобастагии калон дорад.

Агар волидон дар оилаи хуб тарбия гирифта бошанд ва саводи хуб дошта бошанд онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу  ботамиз ба воя расонанд. Беҳуда нагуфтаанд: «фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар.» Фарзандоне, ки дар оила тарбияи хуб ёфтаанд кӯшиш мекунанд то дигарон низ дар чунин роҳ ба воя расанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад, ки ин Қонун  2-уми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тақозои ҷомеа ва замон буда, он барои таълиму тарбияи фарзанди комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.

Аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” муддати 7 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозад, ки баъзе аз волидон низ дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳамиятӣ мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар гузоштанашон мумкин аст.

Бо мисоли равшан метавон аз таҷрибаи суди ноҳияи Исмоили Сомониии шаҳри Душанбе, ки санаи 15 апрели соли ҷорӣ бо қарори раиси суд нисбати се нафар падару модар-ҳуқуқвайронкундаҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба фоидаи давлат ба андозаи 165 сомонӣ таъин шуда буд, оварда метавонем.

Муайян карда шуд, ки ноболиғон моҳи марти соли 2019 дар қаҳвахонаи «Ҳабибӣ» ба истеъмоли маводи тамоку (калян) машғул шудаанд.

Ин ҳолат дар асоси моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки «падару модар уҳдадоранд барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахтаъсирро манъ намоянд» ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани падару модар гардид.

Ҳолати охир бошад муайян гардид, ки моҳи марти соли 2019 ноболиғ чун хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо худ ба мактаб телефони мобилӣ бурда ва аз он истифода кардааст. Чунин амали ноболиғ дар асоси моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки «падару модар уҳдадоранд ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд.» боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани модараш гардид.

 

Судяи суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, Ширинзода Ҷ.