Рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ

Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар таърихи ташаккули давлатдории навини миллати тоҷик саҳифаи наве боз гардид. Тоҷикистон соҳибистиқлолии кишвари худро эълон намуда, ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд.
Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули арзишҳои аслии миллӣ аз ҷумла забони тоҷикӣ ва суннатҳои маънавии мардуми тоҷик заминаӣ мусоиди сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё намуд.
Дар даврони 31-соли соҳибистиқлолӣ бо амалӣ шудаии сиёсати миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаӣ танзим ва ба тартиб даровардани забони адабии тоҷикӣ корҳои назаррас ба анҷом расидааст, ки бархе аз онҳоро метавон ном бурд.
Пеш аз ҳама дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси забони давлатӣ эътироф ва муқаррар гардидани забони тоҷикӣ муҳимтарин дастовард дар рушду такомул ва ҳимояи забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар ин замина дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 05.10.2009 таҳти №553 қабул гардида, он вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ муайян ва истифодаи онро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон танзим менамояд.
Дувум бояд зикр намуд, ки дар давраи сохибистиқлолии мамлакат дар чорабиниҳои сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар микёси байналмилалӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи комил қарор гирифта, вазифаи забони муоширати байни халқхои сокини кишварро бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсолоту иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дигар ниҳодхои ҷомеа мавқеи забони расмии коргузориро ба даст оварда, нақши худро дар иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ низ устувор намудааст.
Севум дар ин давра забони тоҷикӣ ба забони асосии раванди таҳсил дар зинаҳои гуногуни маориф ва воситаҳои ахбори омма мубаддал гардид. Истифодаи самарабахши забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои соҳаи маориф имкон медиҳад, ки забони мо ҳам дар сатҳи таълим ва хам дар сатҳи илмӣ густариш пайдо кунад, чунки таҳияи садҳо ҳазор китобу воситаҳои таълимӣ бо забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳоти истифодашаванда дар ин воситаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки забони илмии тоҷикӣ ҳам дар бахши илмҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар бахши илмҳои дақиқ поягузорӣ шавад.
Инчунин, таҳия ва нашри як силсила осори муҳиму бунёдӣ дар бахши забоншиносии тоҷик, махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ, забони муосири тоҷикӣ, фарҳангу луғатномаҳои гуногун, аз қабили «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ». “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” ва чанде асарҳои дигар дараҷаи омодагӣ ва иқтидори илмии мутахассисони тоҷикро дар ин самт намоён сохт.
Махсусан дар марҳалаи сифатан нави давлатдории мо, тоҷикон, таълиф ёфтани асари гаронбаҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» аз як ҷиҳат барои муаррифии забони мо-нишони ҳастии мо хизмати бузургро ба анҷом расонида бошад, аз ҷониби дигар арҷгузорӣ ба забони миллӣ, ҳалли як қатор масъалаҳои баҳсталаби забоншиносии тоҷик ва бозгуии қудрату манзалат, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ аз гузашта то ба имрӯз аст.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва эҳтирому эътиқод ба арзишҳои маънавии миллӣ муассиса ва мақомоте, ки масъули ҳифз ва такомули арзишҳою авлавиятҳои миллӣ махсусан бахши забони давлатӣ ҳастанд, дастгирӣ ёфта, кори онҳо муназзаму пурсамартар гардид. Имрӯз мо дар симои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва Институти забон, адабиёт шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳоеро мебинем, ки қудрату тавоноии худро афзун намуда, барои рушду такомули забони тоҷикӣ ва танзими раванди инкишофи он кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Бо заҳмату кори донишмандони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академиям илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” дар ду ҷилд ба табъ расид, ки беш аз 87 ҳазор калимаву ибораро дар бар гирифта, то ҷое ҷамъбасти вожашиносии солҳои охир маҳсуб мегардад.
Дар ин радиф “Луғати тоҷикӣ — русӣ”, ки дар солҳои охир анҷом дода шудааст, асари муҳими дигаре мебошад, ки имрӯз дар баробари “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” ба китоби рӯимизии мутахассисон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ мубаддал гаштааст. Ин фарҳангҳо дар раванди устувор сохтани мақоми давлатии забони тоҷикӣ, сабти ҳазорон истилоҳу мафҳумҳои наву тозаи ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва тарҷумаи осори гаронбаҳои адабиёти форсу тоҷик ба забонҳои дигар мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар ин давра забони тоҷикӣ на танҳо барои ваҳдату ягонагии миллӣ ва баланд нигох доштани парчами Истиқлоли Ватан, балки барои муттаҳид сохтани тоҷикони ҷаҳон низ нақши бузургеро бозида истодааст.
Имрӯз забони мо вориди марҳалаи сифатан нави инкишофи худ гардидааст, Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит кӯшиш кунем, ки рисолати забони худро ҳифз намуда, ҷараёни табиии инкишофи онро таъмин намоем. Мероси бузургу гаронбаҳои адабӣ, фалсафӣ ва динии ниёгон ва дастовардҳои донишмандони ҳамзамону ҳамзабонони мо, ки имрӯз бидуни ҳеҷ маҳдудияти сиёсиву мафкуравӣ мавриди баҳрабардории мутахассисони кишвари мо карор гирифтаанд, дастоварди дигари сиёсӣ ва фарҳангии давлати ҷавони мо дар ин солҳо ба ҳисоб меравад.
Имрӯз бар дӯши забони тоҷикӣ вазифаи хеле пурмасъулият, яъне масъулияти забони давлати вогузор шудааст. Он рамзи симо ва пайкари миллати мо мебошад, аз ин рӯ ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд тавоно бошад.
Омӯзиш ва таҳкики ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ яке аз масъалаҳои бисёр муҳими рушду густариши забони мо мебошанд, ки ҳамчунин бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи мутахассисони ин соҳа бошанд.
Икдоми навбатии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти густариши забони тоҷикӣ аз он иборат буд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03-юми сентябри соли 1998 таҳти № 355 «Имлои забони тоҷикӣ» дар таҳриру такмили нав тасдиқ гардид. Ин бесабаб набуд, зеро мушкилоти имло яке аз масъалаҳои муҳим барои забони тоҷикӣ мебошад ва аз қабули коидаҳои имлои забони точикӣ, ки ҳанӯз соли 1972 ба амал бароварда шуда буд, солҳои зиёд паси cap гаштанд ва он ба шароити нав ва талаботи рӯз, ки дар сиёсат ва раванди забон тағйиру дигаргуниҳои зиёд ба миён омаданд, дар он вақт ҷавобгу набуд.
Бо густариши илму маърифат ва афкори ҷомеа баъди 13 сол зарурияти аз нав қабул намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ба миён омад. Ҳамин тавр соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои Имлои забони тоҷикӣ» дар таҳриру такмили нав тасдиқ гардид. Охирон маротиба тавре ба ҳамагон маълум аст, санаи 30-юми июни соли 2021 таҳти №268 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар таҳрири нав қабул гардид, ки он Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар ҳаҷми 17 қисм ва 57 банд ва Аломатҳои китобати забони тоҷикиро бошад дар ҳаҷми 13 қисм ва 21 банд дарбар мегирад.
Ҷиҳати боз ҳам фарохтару устувортар гардидани мақоми забони тоҷикӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июли соли 2007 таҳти №91 соли 2008 — Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардид. Дар ин маврид бо мақсади дар сатҳи зарурӣ арҷгузорӣ намудани забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13- уми сентябри соли 2007 «Дар бораи омодагӣ ва баргузории Соли забони тоҷикӣ» қабул гардид, ки боз як шаҳодати воқеии ба таври ҳамешагӣ таҳти назари роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ будани забони тоҷикӣ мебошад ва ин имконоти рушду устувории онро васеъ мегардонад.
Ҳамчунин баҳри таҳкиму рушди забони тоҷикӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29.11.2020 Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 қабул гардид, ки он дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дарбар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона шудааст. Ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат нигоҳ доштани асолату ҳувияти забони тоҷикӣ ҳадафу вазифаи барномаи мазкур дар замони муосир мебошад.
Воқеан ҳам паёмҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки ҳамасола ироа мегардад, дар баробари рушди тамоми самтҳои фаъолияти инсонии Тоҷикистони маҳбуб омили муҳими такомули забони тоҷикӣ гардидаанд. Роҳбарияти олии мамлакат забони тоҷикиро «шево ва шоирона» гуфта, муҳаббат ба забонро ба мисли «Модар ва Ватан» дониста, хифзи онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон зарур шуморидааст. Қариб дар хамаи Паёмхои худ Пешвои миллат дар бораи забон ва мақоми он, дарҷ ва эҳтироми забони ноби тоҷикӣ сухан гуфтааст. Ин мароми Пешвои миллат имрӯз дар ҷомеа ба сифати сиёсати давлатӣ шинохта шудааст. Муҳаббати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба забон то ба ҷоест, ки онро дар Паёми соли 2019 «ойнае» маънидод кардааст. ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад. Аз ҷониби Пешвои миллат нишонаи ҳасгии миллат эътироф гардидани забони тоҷикӣ на танҳо онро ба радаи муқаддасоти кишвар ворид кардааст, балки мақоми расмии давлатиашро ба маротиб афзудааст.
Дар соли 2021 низ Президенти маҳбуби мо дар паёми навбатиашон забонро яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳастии миллат, тафаккури миллӣ ва дар ниҳояти кор, ҳувияти миллӣ донистааст.
Ба ҳамин хотир, дар пайвастагии таъкидҳои мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад.
Аз ин лиҳоз, забони давлатиро дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ, яъне Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллию Конститутсия, асъори миллию сарҳади давлатӣ гиромӣ доштану ба он арҷ гузоштан вазифаи ҷонии ҳар фарди бонангу номуси кишвар ва қарзи виҷдонии ҳар яки мо мебошад.

Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!

Бо арзи эҳтиром,
Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Ҳамидзода М.М.

 

Табрикот ба муносибати – Рӯзи забони давлатӣ

Агар дар дунё сухан вуҷуд намедошт, то имрӯз чунин бузург намешуд.

Расул Ғамзатов дар китоби «Доғистони ман» гуфтае дорад дар хусуси бузургии забони модарӣ ва эҳтиром ба ватан. Ӯ нақл мекунад:

…Боре дар Париж май як рассоми доғистониро дучор кардам. Пас аз революсия дере нагузашта, ӯ ба Италия хонданӣ рафта, он ҷо зани итолиёнй гирифта, ба ватанаш барнагаштааст. Ин доғистонии ба гиру мони қӯҳистон омӯхташуда ба ватани наваш бо душворӣ одат мекунад. Ӯ тамоми рӯи заминро чарх мезанад. Дар шаҳрҳои зебои мамлакатқои бисёр иқомат мекунад, аммо куҷое равад, ғусса ҳамроҳаш. Хостам ин ғуссаи ӯро, ки бо рангҳо акс ёфтааст, бинам. Бинобар ин хоҳиш намудам, ки расмҳои кашидаи худро нишон диҳад.
Як сураташ «Ёди ватан» ном дорад. Ба саволам рассом гуфт: Ба ватани худ ман ҳам аз тирезаи қафаси худ менигарам.
-Чаро гашта намеравед?
-Дер шуд. Дар вақташ аз ватанам дили ҷавони пурҳарорате оварда будам, оё метавонам, акнун ба ҷои он устухонҳои фартути худро бибарам?
Аз Париж баргаштам ва хешу табори он рассомро ҷуста ёфтам. Ҳайрате доштам, ки модараш ҳанӯз зинда аст. Хешу табор ҳикояти маро дар ҳаққи фарзанди ғарибашон, ки тарки ватан кардааст гӯш мекарданд. Аммо, ба назарам, онҳо аз гуноҳаш гузашта буданд ва ба ҳар ҳол, зинда будани уро шунида, шодӣ мекарданд. Баногоҳ модараш пурсид:
-ба аварӣ raп задед?
-Не, ба воситаи тарҷумон. Ман ба русӣ, писратон ба фаронсавӣ.
Модар рӯяшро бо рӯмоли сиёҳ пӯшонд, чунон ки ҳангоми шунидани марги писар мепӯшонанд. Болои бом борон меборид. Мо дар Аваристон менишастем. Дар гӯшаи дигари дунё, дар Париж, қам шояд, он фарзанди ноқобили Доғистон садои боронро гӯш мекард.
Пас аз хомӯшии дуру дарозе модар гуфт:
-Ту ғалат кардӣ, Расул, писари ман кайҳо мурдааст. Вай писари ман не, писари ман забони ман, забони модари авар ёддодаро фаромӯш намекард.

Рӯзи забони давлатӣ муборак ҳамватанони азиз!

Бо арзи эҳтиром,
Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.