Саҳмгузории кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ободӣ ва кабудизоркунии пойтахт

Рӯзи 13 апрели соли равон ҳайати кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо роҳбарии Сангинзода Ғайрат-раиси суд бо мақсади амалӣ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, инчунин ҷиҳати дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани шаҳри Душанбе ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳашар баромада, гирду атрофи бинои судро аз ҳар гуна партовҳо ва ифлосиҳо тоза намуданд. Ҳамчунин дар ҳашари мазкур минтақаи ба корхона вобаста гардида пурра тоза карда шуда, гирди дарахтҳо ва гулҳо нарм карда шуда, парчами давлат аз нав карда шуд. Ҳайати кормадони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасмим доранд, ки минбаъд низ бо масъулияти баланди сокини пойтахт будан дар хуррамгардонии Душанбешаҳр саҳми худро гузоранд.