ШАНБЕГӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

Санаи 20.04.2024 ба муносибати рӯзи Пойтахт – шаҳри Душанбе тадбиҳову чорабиниҳои мухталиф, ки дар ҳамаи ниҳоду идораҳои кишвар баргузор гардид, дар ин замина вобаста ба ободу тозагардонӣ дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ шанбегӣ ташкил карда шуд.

Ҷиҳати ободкориву хуррамгардонии дохилу атрофи Суди ноҳия ҳамаи кормандони он камари ҳиммат баста, якҷоя бо шахсони дахлдор саҳми худро ҳамчун шаҳрвандони ватандӯст дар тозаву озодагардонии муҳити атроф расониданд.

Ин амалҳо пеш аз ҳама заминаи ободкории пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, шаҳрвандонро зарур аст, ки мунтазам барои гулгулшукуфоии шаҳри азизамон саҳмгузор бошанд.