ШАРҲ ВА ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВОХӮРӢ АЗ РӮИ УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Санаи 10 феврали соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Босхонзода Саида, корманди дастгоҳи суди нохия Муҳаммадҷонзода Дилшод, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф, мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ғанизода Зубайдулло, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Восиев Саъдулло, нозирони калон оид ба супоришҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиёрзода Наргис ва Ғафурова Маҳбуба, волидайни хонандагони МТМУ №62, инчунин, сокинони маҳаллаҳои Шафақ, Нодира ва А. Мухторов ҳузур доштанд.
Зимни вохӯрӣ муҳтавои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин замина, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими институти оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон — хусусан ҷавонон — ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба таври муфассал шарҳ дода шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аҳамияти татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсола ироа гардидаанд, таъкид шуд.