СУДЯҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ ХУД МУСТАЪҚИЛ БУДА, ТАНҲО БА КОНСТИТУТСИЯ ВА ҚОНУН ИТОАТ МЕКУНАНД

Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, таъмини ҳифзу риояи онро кафолат медиҳад ва дар он чунин омадааст: «Хуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.» Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб шудаанд, тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсон ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надоранд.

Судяҳо дар фаъолияти худ мустаъқил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.  Баъди  ба  вуқӯъ  пайвастани  ислоҳоти  ҳуқуқӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  масъалаи  таҳкими  пояҳои  ҳокимияти  судӣ  ва  самаранокии  фаъолияти  мақомоти  суд  диққати  ҷиддӣ  дода  мешавад.  Дар  низоми  мақомотҳои  давлатӣ  яке  мақомотҳое,  ки  адолати  иҷтимоиро  ба  амал  мебарорад,  ин  мақомоти  судӣ  мебошад. Дар ин хусус сарвари  давлатамон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  суханронии  худ  дар  машварати  кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  ва  сохторҳои низомӣ  махсусан  қайд  намуданд, ки  «барпо  кардани  ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба фаъолияти мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ,  прокуратура  ва  суд вобастагии  бевосита  дорад.  Чунки  таъмини  ҳуқуқ, кафолати озодӣ ва амнияти шаҳрвандон,  яъне  фароҳам овардани  шароит  барои ҳокимияти  воқеӣ  қонун ва  адолат  дар  дасти  ин мақомотҳо аст». Аз  таҷрибаи  судӣ  собит мегардад, ки ҳодисаҳои поймолшавии  ҳуқуқу  озодиҳои шаҳрвандон  ва  вайронкунии адолат маҳз дар соҳаи ҳаёти идоракунӣ  бештар  ба  назар мерасад,  ки  ин  боиси  афзоиши  баҳсҳои  шаҳрвандӣ гардидааст. Аз ин рӯ, судҳои ҳамаи  марҳилаҳоро  лозим  аст,  ки  ҳангоми  баррасию ҳалли  баҳсҳои  шаҳрвандӣ баҳри  ҳимояи  адолати иҷтимоӣ  бештар  кӯшиш  ба харҷ  дода,  ба  он  ноил  гарданд,  ки  манфиатҳои  шахсу давлат тибқи  Конститутсия ва  қонун  таъмин  гардад.  Ин яке  аз  пояҳои  муҳими  устуворию  шаҳомати  ҳокимияти судӣ  ва расидан  ба  ҷомеаи мутамаддин  аст.

Хулоса,  чӣ  тавре  ки аз  баромадҳои   сарвари  давлатамон  бармеояд нақши  ҳокимияти  судӣ  дар амалӣ  намудани  адолати иҷтимоӣ  ва  бунёди  давлати  ҳуқуқбунёду  демократӣ бениҳоят назаррас мебошад. Аз  ҳамин  хотир,  сатҳи  инкишофи  ҷомеаи  ҳуқуқбунёду демократӣ  ва  дастовардҳои шоистаи  он  ба  сифати  кори ҳокимияти судӣ, меҳнати фидокоронаю  ғайрату  кӯшиши ҳайати ин ҳокимият вобастагии ногусастанӣ дорад. Чунки татбиқи  адолати  иҷтимоиро чун  маҳаки  ҳастии  ҷомеаи мутамаддин  бидуни  таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун  тасавур  намудан  имконнопазир аст.

         Чилахон Холов – корманди дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе