Суханрони бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 16 ноябр

16-уми ноябр дар тақвими таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи муборак, таърихиву тақдирсоз ва оғози марҳилаи нави давлатсозиву давлатдорӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шуруъ намуд. Дар ҳамин сана, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Зимнан, бояд гуфт, ки дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии давлати Тоҷикистон ба ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Аз ҳамин хотир, пас аз тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” (соли 2016) тайи шаш сол мешавад, ки дар кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Аз нигоҳи сиёсӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоб шуданашон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ин институти давлатӣ ҷойгоҳи хосса касб намуда, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил доданд. Аз ин хотир, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи демократия, сулҳу ваҳдат, волоияти қонун, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, таҳкими истиқлоли миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву устуворӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат мебошад.
Аз нигоҳи дигар, таҷлили ин рӯз ба хотири саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Он рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб ва қадам гузоштан дар роҳи амалисозии нақшаву барномаҳои ояндасози ин абармарди таърих аст, зеро ин ҷашни шукӯҳманд барои ҷомеаи навини тоҷик дорои аҳамияти зиёд буда, ба сурати табиӣ дар шинохти саҳеҳтари арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши амиқ мегузорад.

Судяи суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Шарофзода Б.