ТАҲДИДУ ХАТАРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

Ҷаҳони имрӯз ба таври бесобиқа рушд намуда, башарият ба дастовардҳои ғайриинтизори илмию техникӣ дастёб гардидааст.

Рушду тараққиёти илму техника дар ҷомеаи имрӯз дар ҳаёти инсоният нақши муҳимро мебозад. Технологияҳои нав ва кашфиётҳои илмӣ замина мегузоранд ва мусоидат мекунанд, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ташаккул, рушд ва пешрафт намоем.

Ҳама навъи дастоварди инсоният дар баробари он, ки манфиатовар ва барои беҳбуд бахшидан ба ҳаёти инсоният нигаронида шуда бошанд, ҳамзамон метавонад бар зарари одамон, давлатҳо ва миллатҳо низ истифода бурда шаванд. Шабакаҳои иҷтимоии фазои интернет низ ҳамчун дастоварди навбатии инсоният аз як ҷониб, агар барои беҳтар намудани робита бо ҷомеа, ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ ва хубтару беҳтар намудани усулҳои иттилоърасонӣ хизмат намоянд, аз ҷониби дигар як қатор хавфу хатарҳоро ба вуҷуд оварда истодаанд.

Аз нуқтаи назари манфиатоварии онҳо агар ба масъала таваҷҷуҳ карда шавад, мушоҳида мегардад, ки заминаи пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ дар навбати якум хусусияти тиҷоратӣ доранд. Моликони шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути ин навъи технологияи иттилоотӣ маълумоти зиёдеро ҷамъоварӣ намуда, ба фурӯш мебароранд. Ширкатҳои технологӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷамъоварии иттилоот ва ташкил намудани захираҳои бузурги иттилоотӣ машғуланд. Чунин ширкатҳои технологӣ, иттилооти ҷамъовардаро бо маблағоҳои калон ба субъектон ва бозингарони сиёсати ҷаҳонӣ, давлатҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва махсусан ба ташкилотҳои террористию экстермистӣ баъзан ҳадафмандона пешкаш менамоянд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки касе иттилоотро дар даст дорад ҷаҳонро идора мекунад. Иттилооте, ки аз ҷониби ширкатҳои технологӣ ба фурӯш бароварда мешавад,ҷавобгӯи талаботи бозор аст. Ҳар як амале, ки корбари шабакаи иҷтимоӣ дар фазои маҷозии интернет анҷом медиҳад иттилоот мебошад ва минбаъд коркард мешавад. Масалан, дар саҳифаи интернетии худ ворид намудани расмҳо, матнҳо, видеороликҳо, сабтҳои аудиоӣ, дарҷу шарҳнависӣ, ба дигарон фиристодани матлабҳо, писандидан ва ғайраҳо аз қабили амалҳои маҷозӣ мебошанд, ки ба сифати иттилоот баромад менамоянд ва минбаъд ба ҳамин восита тафаккури ҷомеа муайян карда мешавад.

Дар шароити муосир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷангҳои иттилоотию идеологӣ ба амал бароварда мешаванд. Айни замон чунин шабакаҳо василаи муҳимми пешбурди ҷангҳои иттилоотию идеологӣ ба шумор мераванд. Ҳамаи он иттилооту тарғиботе, ки дар фазои интернет паҳн мешаванд, маҳз ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин тадбиқи сиёсати дугонаро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Масалан, дар як қатор давлатҳо ба монанди Чин, Эрон ва Русия шабакаҳои иҷтимоии Youtube, Fасebook, Twitter, Instagram ва дигар шабакаҳо фаъолияташонро дар ҳудуди давлати худ ҳамчун шабакаи шубҳаовару хатарафзо дастнорас намуданд ва чанде дигарон уҳдадор шуданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат иттилоотҳои хусусияти террористию экстермистӣ доштаро аз саҳифаҳои худ тоза намоянд. Аммо, ин талабот нисбати давлатҳои абарқудрат, пуштибонони ширкатҳои технологӣ ва шарикони стратегии онҳо тадбиқ мешавад. Зеро мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрӯза даҳҳо видеорлику маводҳои хусисияти экстермистию террористидошта дар шабакаҳои мазкур нашр менамоянд, аммо онҳоро моликони шабакаҳои мазкур ҳазф намекунанд. Чунин воқеият аз он шаҳодат медиҳад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои дастгирии созмонҳои экстермистию террористӣ низ истифода бурда мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тӯли ду даҳсолаи охир дар фазои маҷозии интернет тарғибу ташвиқи ғояҳои идеологияи радикалистӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, мағзшӯӣ намудани ҷавонон, паҳн кардани иттилооти бардурӯғ ва иғвоангез, таъсири манфӣ расонидан ба афкори ҷамъиятӣ, ташкил намудани бетартибиҳои сиёсию иҷтимоӣ, инчунин ташкил намудани инқилобҳои ранга зиёд гардида истодаанд. Яке аз хусусиятҳои манфии дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин сарчашмаи афзоиши иттилооти бесифат ва дур шудани ҷавонон аз донишоҳои илмию назариявӣ, сабаби талафи вақти одамон, паҳн гардидани фарҳанги бегона ва бештар шудани таъсири иттилооти бардурӯғу носаҳеҳ ба афкори ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар ҳар як ҷомеа ҷонибдорон ва мухолифони шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Он нафароне, ки зарару зиёни шабакаҳои иҷтимоиро дарк накардаанд ҷонибдорони ин шабакаҳо мебошанд. Ҳеҷ вақт олим, омӯзгор, зиёӣ, умуман корманде, ки мехоҳад дар оянда мутахассиси соҳаи худ бошаду донишу таҷрибаи худро рушд диҳад, дар ҳеҷ суръат шабакаҳои иҷтимоиро заминаи ташаккули донишҳои касбии худ интихоб намекунад. Зеро дар фазои маҷозии интернет дониши низомдор, илмию назариявӣ вуҷуд надорад. Он ҷо макони паҳншавии иттилооти парешон манипулиятивию хабарӣ ҳасту бас.

Дар хулоса метавон гуфт, ки дар шароите ки пурра аз истифодаи шабакаи иҷтимоии интернет даст кашидан номумкин аст. Махсусан дар вазъияте, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои геосиёсии давлатҳо идома доранд. Ҷавонон, ки бузургтарин сарвати мамлакат ва ҳамзамон қишри осебпазири ҷомеаро ташкил медиҳанд, боргоҳҳои таълимию илмиро зарур ҳаст, ки омӯзонидани фарҳанги дурусти истфодабарии шабакаҳои мазкур, ба донишомӯзӣ ҷалб карда тавонистани ҷавонон ва дар зеҳну шуури онҳо ба вуҷуд овардани тафаккури танқидӣ ва таҳлилӣ, шинохти иттилооти заруриро аз нозарур, дониши бесифатро аз босифат дар тафккури онҳо ба вуҷуд биоранд, зеро ки ин кафили ҳимояи ҷомеа аз таҳдиду хатароти шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Чунин хусусиятҳо дар тафаккури ҳар як ҷавон бояд ба вуҷуд оварда шавад, то ин ки дар ҳифз ва ҳимояи арзишҳои миллию фарҳангӣ, манфиатҳои миллию давлатӣ ва арзишҳои истиқлолият аз ҳаргуна таҳдидоҳи нави олам бетараф набошанд. Маҳз мағзҳои барҷаста, хидматгузор ва фидокор метавонанд ба ҳайси қувваи бузурге дар муқобили ҳама таҳдидҳо истодагарӣ намоянд!

Таҷирибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба назар гирифта, гуфтан мумкин аст, ки барои пешгирӣ намудан аз ҳуҷумҳои иттилотӣ, таъсири манфии тамаддуну фарҳанги бегона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар кишвар зери назорати давлатӣ сохтани шабакаҳои иҷтимоии ватанӣ ба манофеи миллию давлатӣ дар ояндаи дарозмуддат арзёбӣ мешавад.

 

Судяи Суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе

Исмонзода Исфандиёр