Тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, № 7, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 159, № 7 — 8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, № 7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142, № 11, мод. 643; с. 2015, № 11, мод. 950; с. 2016, № 3, мод. 128, № 5, мод. 357, № 7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, № 1 — 2, мод. 4; с. 2018, №5, мод.267; с.2019, №1, мод.3), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 50 қисми 13 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«13. Таъмини ҳимоятгар аз ҳисоби давлат ва пардохти ҳаққи хизмати ӯ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 501 бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад.».
2. Моддаи 501 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 501. Пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат
1. Пардохти ҳаққи хизмати  ҳимоятгар аз ҳисоби давлат ба шахсони зерин кафолат дода мешавад:
— гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
— гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
— ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд;
— шахсони дар сархатҳои сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинигардида.
2. Ҳангоми таъмини ҳимоятгар аз ҳисоби давлат, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя қарор, суд бошад, дар бораи таъини адвокат ҳамчун ҳимоятгар ва баъд аз ба анҷом расидани пешбурди парванда дар бораи пардохти ҳаққи хизмати  адвокат таъинот мебароранд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1696

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2020, № 76

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 29

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7 — 9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8, № 5, мод. 270, мод. 271; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, № 1660) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 29 қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«7. Ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуқуқ дорад ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони зерин иштирок намояд:
— ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
— шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ доштан ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад.
8. Ҳуқуқшиноси давлатӣ дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» иштирок менамояд.».
2. Моддаи 291 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 291. Пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат
1. Пардохти ҳаққи хизмати адвокате, ки ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, аз ҳисоби  давлат ба шахсони зерин кафолат дода мешавад:
— шахсе, ки имконияти пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгарро надошта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
— ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
— шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ доштан ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад;
— ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.
2. Ҳангоми таъмини ҳимоятгар аз ҳисоби давлат судя қарор ва суд дар бораи таъини адвокат ба сифати ҳимоятгар ва пас аз ба анҷом расидани пешбурди парванда дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат  таъинот мебароранд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1695

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2020, №78

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 28

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқ-вайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7 — 9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8, № 5, мод. 270, мод. 271; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, № 1660), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба ҷумлаи дуюми қисми 4 моддаи 63 пас аз калимаҳои «муовинони онҳо» калимаҳои «, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо» илова карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 93 рақамҳои «497-500» ба калимаҳо ва рақамҳои «497 қисми 2, 498, 499 қисми 2, 500» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 98:
— ба қисми 1 пас аз рақамҳои «493-496,» калимаҳо ва рақамҳои «497 қисми 1, 499 қисмҳои 1 ва 3,» илова карда шаванд;
— ба сархати якуми қисми 2 пас аз рақами «491,» калимаҳо ва рақамҳои «493-496, 497 қисми 1, 499 қисмҳои 1 ва 3,» илова карда шаванд;
— сархати чоруми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сардори хадамоти шиносномавию бақайд-гирии Вазорати корҳои дохилӣ ва муовинони ӯ, сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 469, 470, 493-496, 497 қисми 1, 499 қисмҳои 1 ва 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;».
4. Дар қисми 3 моддаи 150 калимаҳои «як шабонарӯз» ба калимаҳои «ҳафт шабонарӯз» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1699

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2020, № 60

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси                                                  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 32

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Бандҳои 9), 10) ва 11) қисми 6 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.51; с.2005, №12, мод.630; с.2006, №12, мод.541; с.2008, №6, мод.460, №12, қ.2, мод.1000; с.2009, №3, мод.88; с.2010, №1, мод.8, мод.10, №12, қ.1, мод.823; с.2012, №12, қ.1, мод.999; с.2013, №3, мод.190; с.2014, №7, қ.2, мод.408; с.2015, №11, мод.968, мод.969, мод.970; с.2016, №5, мод.368; с.2019, №4-5, мод.231; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1680) хориҷ карда шуда, бандҳои 12) – 30) мувофиқан бандҳои  9) – 27) ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1709

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 апрели соли 2020, № 47

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 26 июни соли 2020, № 42

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, № 7, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 159, № 7-8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, № 7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142,  № 11, мод. 643; с. 2015, № 11, мод. 950; с. 2016, № 3, мод. 128, № 5, мод. 357, № 7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, № 1 — 2, мод. 3; с. 2018, № 5, мод. 267; с. 2019, № 1, мод. 3), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати дувоздаҳуми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- прокурор – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шӯъбаҳо), муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шӯъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шӯъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки прокурорҳои нақлиёт, ҳарбии гарнизонҳо ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор — криминалистҳои калон ва прокурор — криминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд;».
2. Дар қисми 4 моддаи 12 калимаи «қонун» ба калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 14 пас аз калимаҳои «Ҳар шахс ба» калимаҳои «ҳифзи маълумоти шахсӣ,» илова карда шаванд.
4. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 111 хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 161:
— дар қисми 2 калима ва рақамҳои «286 қисми 2» ба калима ва рақамҳои «286 қисмҳои 2 ва 3,» иваз карда шаванд;
— дар қисми 9 рақамҳои «286-291» ба рақамҳо ва калимаи «286 қисми 1, 287 — 291» иваз карда шаванд.
6. Ба моддаи 245 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Ба суд ҳозир шудани шахсоне, ки дар рӯйхатҳо тахаллуси онҳо сабт шудааст, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ таъмин карда мешавад.».
7. Ба қисми 5 моддаи 355 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Зимнан, тарафҳо ҳуқуқ доранд ариза дар бораи оштиро то ба хонаи машваратӣ рафтани судя пешниҳод намоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1702

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2020, № 108

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи                      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020,   № 35

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7-8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7-8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1-2, мод. 2, мод. 3, № 7-9, мод. 586; с. 2018, № 1, мод. 4, мод. 5, № 5, мод. 266, № 7-8, мод. 522; с. 2019, № 1, мод. 1, мод. 2, № 6, мод. 311; с. 2020, № 1, мод. 8, мод. 9), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
— қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2) Ҳамин кирдор, агар дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ содир шуда бошад, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.»;
— қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ё марги як ё зиёда шахсон гардида бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1701

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2020, № 99

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 34

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с.2010, № 1, мод. 2, мод.5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с.2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с.2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод.707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод.130, мод. 131, мод.132, № 5, мод.359, мод. 361, № 7, мод.613, мод.614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод.9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, № 1659), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Матни моддаи 497 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд риоя нагардидани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ, инчунин қоидаҳои истиқомат ё аз қайд гузаштан дар минтақаи сарҳадӣ, —
огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, —
ба андозаи аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан ё бе берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.».
2. Дар моддаи 499:
— санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
— санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи аз понздаҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан ё бе берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.»;
— аз санксияи қисми 3 калимаҳои «ва берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1700

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2020, № 58

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 31

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9 — 10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547,  № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 — 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод.143, мод.144, № 7, қ.1, мод. 389, мод.390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7 — 9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7 — 9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод.9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 6), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 112:
— қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Ҳамин кирдорҳо, агар дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҳудуди дахлдор, ё ин ки дар муҳлати муқарраршуда иҷро накардани амрнома (қарор) ё талаботи мақоме (шахсони мансабдоре), ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемӣ (профилактикӣ) ба амал мебарорад, содир гардида бошанд,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то дувоздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
— қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин модда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
2. Дар моддаи 113:
— ба номи модда пас аз калимаи «эпидемия» калимаҳои «ва дигар бемориҳои сирояткунанда» илова карда шаванд;
— қисми 1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«1. Барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан,-
ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
— матни модда қисми 2 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад.
3. Моддаи 3741 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 3741. Паҳн намудани маълумоти бардурӯғ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ
Барои бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва чораҳои дигари вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
4. Дар моддаи 617:
— дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз сӣ то чил» ба калимаҳои «аз ҳафтод то ҳаштод» иваз карда шаванд;
— дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз ҳаштод то сад» ба калимаҳои «аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1698

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон          М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2020, № 106

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 33

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод.6, мод.7; с. 2010, № 1, мод. 6; с. 2012, № 7, мод. 721; с. 2014, № 7, қ.1, мод. 388, № 12, мод. 821; с. 2015, № 11, мод. 953; с. 2016, № 5, мод. 360; с. 2018, № 1, мод. 6; с. 2019, № 1, мод. 6, № 6, мод. 314), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 37 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- аз ёрии ҳуқуқии аз тарафи давлат кафолатдодашуда дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» истифода баранд;».
2. Ба моддаи 55 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Иштироки ҳуқуқшиноси давлатӣ дар суд ба сифати намоянда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» таъмин карда мешавад.».
3. Ба моддаи 102 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Дар сурате, агар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ба тарафе, ки ба манфиати он қарор қабул гардидааст, ёрии ҳуқуқӣ расонида шуда бошад ва ҳаққи хизмати адвокат ё намоянда аз ҳисоби давлат пардохт шуда бошад, хароҷоти ба пардохти ҳаққи хизмати адвокат ё намоянда вобаста аз ҳисоби тарафи дигар ба фоидаи давлат ситонида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1697

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2020, № 80

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 30