Табрикот ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз

Иди Наврӯз иди баҳор, иди шукуфтанҳо, иди бахшиданҳою тоза сохтани дилҳо аз кибру ғурур ва хосса иди эҳёи табиату оштӣ сохтани дилҳо мебошад. Маҳз ҳамин хусусиятҳои он аст, ки тамоми мардум ин иди бузургро бо як самимият ва эҳтироми хосса ба анъанаҳои оламшумулаш ҳамасола дар моҳи март ҷашн мегиранд. Маҳз бо саҳми бевоситаи Роҳбарияти Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон Иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Имрӯзҳо тавре ба ҳамагон маълум аст, якчанд давлатҳои ҷаҳон ҳар сол ин Иди бузургро ҷашн мегиранд. Анъанаю рамзҳои неки иди Наврӯз ба дили наврасон шодӣ оварда, ин ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаю бозиҳои хеле зиёди рамзӣ дорад, ки он ба рӯҳияи ҳар як инсон таъсири бениҳоят хуб мегузорад. Аз ин хотир ҳар як фарди Тоҷикистонро месазад, ки Иди Наврӯзро бо тамоми пайёмадҳои некаш дар ватани соҳибистиқлолу осоиштаамон сарбаландона ҷашн гирад. Иди наврӯз муборак ҳамватанони азиз!

Бо эҳтиром.

Судяи суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Ҳамидзода М.М.