Табрикот ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Конститутсияро бахтномаи миллат меноманд, зеро он ифодакунандаи манфиат ва ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст. Ин санади тақдирсози миллат бо ташаббуси ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми фарҳангсолор ва тамаддунофари халқи тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷиҳати эъмори бинои муҳташами Истиқлолият ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар буда, риояву эҳтироми муқаррароти он замонати саодату сарбаландии миллат аст.

Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, таҷассумгари армони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи миллати тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноилгардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Боиси  ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рӯзи саид то имрӯз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукуҳу тантана таҷлил менамоянд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф мекунад, ки мавҷудияти ин меъёр таҷассумгари ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад ва дар айни замон шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст.

Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамояд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсиони такмил дода шуда, ба талаботи давру замони муосир мувофиқ гардонида шаванд. Хамин буд, ки се маротиба  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 сентябри соли 1999,  22 июни соли 2003 ва  22 майи соли 2016  бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфта, дар баробари як силсила навовариҳо, барои танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ робитаи мустақим доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки “Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёди халқи Тоҷикистон мебошад”.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ, бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандиро инъикос намуд. Имрӯз Конститутсияи мо тоҷикон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дар сафи панҷгонаи Конститутсияҳои беҳтарини дунё қарор дорад.
Конститутсия барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асосҳои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд.

Қонуни асосии кишвар барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои он фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди  иқтисодиёт, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ, маданият, фарҳанг ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки нақши суд дар Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ шуда, дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Маҳз Конститутсияи кишвар риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод, бо дар назардошти он, ки дар давлати демократӣ нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муҳим мебошад. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Воқеан раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст”.

Имрӯз ҳокимияти судӣ мустаъқил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат менамояд. Ин талаботи Конститутсия бевосита дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва як қатор Кодексу қонунҳо такмили худро ёфтааст.

Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номусро водор месозад, ки қадру манзалати сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.
Дар ин роҳ ба ҳар яки Шумо, ҳамватанони азиз, рӯҳи матин, нерӯи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам ва бовар дорам, ки ҳадафҳои созандаву бунёдко­рона минбаъд низ илҳомбахши зиндагии ҳар як фарди бонангу номуси кишвар хоҳанд буд.
Ҳамаи Шумо, ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саодатмандиву сарбаланди  орзу менамоям.

Бо эҳтиром
Муовини якуми раиси суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Кабирзода С.М.