Табрикот ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ — 26 октябр.

Ҳамкасбони гиромӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе.

Боиси фараҳмандиву сарфарозист, ки мо имрӯз ҳама сарҷаъм Иди касбӣ-Рӯзи кормандони ҳокимияти судиро ҷашн мегирем.

Муҳимтарин вазифаи давлат ҷиҳати устувор нигоҳ доштани пояҳои истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Давлат барои таъмини иҷрои ин вазифаи пурмасъул мақомотҳои дахлдорро таъсис дода, ба ин восита ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба роҳ мемонад.

Ягона мақомоти давлатие, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 8 моддаи 14 таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ба он вобаста намудааст, ин ҳокимияти судӣ мебошад.

Зеро, ҳокимияти судӣ тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Аз ин ҷост, ки бобати руҳбаланд намудани кормандони мақомоти судӣ Роҳбарияти Олии мамлакат дар иртибот бо пешниҳод ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Олии ҳокимияти судӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 26 октябр рӯзи кормандони мақомоти судӣ эълон шуда, маҳз ин ҳолат тавонист барои боз ҳам баланд бардоштани масъулият ва фаъолияти самараноки кормандони мақомоти судӣ мусоидат намояд.

Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рушди бемайлони мустақилияти адолати судӣ таъмин гардидааст.

Бобати дар сатҳи баланди касбӣ амалӣ кардани ин рисолат, ба Шумо  қабл аз ҳама сиҳатмандиву саодатафрӯзӣ, нерӯи танумандӣ ва иқболу комёбиҳои ҳамешагиро хоҳонам.

Бигзор дастовардҳои беназир дар амалисозии фаъолияти адолати судӣ ба ҳар як корманди ҳокимияти судӣ насиб гардад.

Ҷашн-Иди касбӣ-Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ муборак ба Шумо.

 

Бо арзи сипос, 

Муовини якуми раиси суди
н.И.Сомонии ш.Душанбе,
С.М.Кабирзода.