Табрикот ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва сарҷамъии миллат аст. Ин рамзи муқаддаси давлатӣ дар шароити басо мураккабу тақдирсози миллат соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии мамлакат бо қабули Қонун тасдиқ гардид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ниҳоят зебо ва пурмазмун тасдиқ шуда, ҳаряк ранг ва тоҷи дар он тасвирёфта мазмуну муҳтавои худро дорад. Аз ҷумла ранги сурх мубориза ва ҷонисоркуниҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сабз саъю кӯшиш баҳри сарсабзӣ ва ободии ватан, ранги сафед бошад, бахту иқболи сафед, покизагӣ, осоиштагию мустақилият мебошад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, паҳнои ранги сафед якуним баробар нисбат ба паҳноии ранги сабз ва сурх мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки мо чи қадар баҳри озодӣ, сулҳ, осоиштагӣ, ободию сарсабзу хуррам гардонидани мамлакат кӯшиш намоем, аз он зиёдтар ба мо чунин неъматҳо чун барзиёд будани паҳнои рангӣ сафед, ки натиҷаи ду ранги дигар аст, дастрас мегардад. Рӯзи парчами давлатӣ, ки ҳамасола 24-уми ноябр ҷашн мегардад, дар воқеъ иди барҷаста ва бузурги сиёсӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Рӯзи парчами давлатӣ муборат ҳамватанони азиз!

Бо арзи эҳтиром,
Судяи суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе, Ҳамидзода М.