Табрикот ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 16 ноябр

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин маъракаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик мебошад. Маҳз дар ин Иҷлосия муҳимтарин санадҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, он барои таъмини сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик таъсири калон гузошт.
Аз ҷониби вакилон дар ин иҷлосия Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бебаҳотарин дастовард ва интихоби сулҳофару беназир барои миллати тоҷик мебошад. Маҳз ин интихоби дурусти вакилон ва санадҳои тақдирсози қабулнамудаи онҳо роҳи миллати тоҷикро барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва устуворсозии пояҳои истиқлолияти давлатӣ боз намуд. Акнун миллати тоҷик роҳбари оқилу сулҳофар, дурандешу ояндасоз ва инсондусту ғамхори худро дар симои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо намуд. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин муддати кутоҳ мардуми шарифи тоҷик ба чунин давлати мустақилу обод, ки дар он сулҳу субот ҳукмфармост мушарраф гардид. Аз ин рӯ месазад, ки ҳамасола халқи Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 16 ноябро бо ифтихор ҷашн гиранд. Ин ҷашни бузурги давлатиро ба тамоми мардуми сарбаланди тоҷик муборак мегуям.

Судяи суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Ҳамидзода М.М.