Табрикот бахшида ба «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ-9 май»

Муҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамватанони азиз!

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз зиёд мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ  боқи мемонад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Дар солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона ширкат варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Онҳо барои дифо ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон додаанд.  Эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоат ва қавииродагии Шумо  имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким мебахшем, намуна ва ифтихор мебошад.  Мо  мақсаду мароми асосии худро  баҳри бунёдкорӣ ва  созандагии Тоҷикистони азиз  қарор дода,  кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки  сазовори номи фарзанди фарзонаи миллат ва халқ бошем. Бигузор ҷавонони  ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ қуваи худро танҳо барои ободи ва пешравии Ватани хеш сарф намоянд.
Аз ин лиҳоз ин рӯзи хотирмонро ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми Тоҷикистони азизро ба муносибати Ҷашни 77-умин солгарди «Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-ро муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки дар Ватани мо тинҷиву амонӣ ҳукумфармо бошад ва кули мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳамеша сарбаланду хонаобод ва тансиҳату комёб бошанд.

 

Бо эҳтиром
Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.