Табрикоти раиси суд бахшида ба ҷашни Рўзи Вахдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни 22-умин солгарди Рўзи Вахдати миллиро барои Шумо табрик ва таҳният гуфта, бароятон рўзгори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям.  27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ватандориву ватандўстӣ, сулҳу ваҳдат, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он ҳамчун арзиши миллӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону побарҷо бимонад.

 

Бо эҳтиром,

Раиси суди  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.