Табрикоти Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муносибати 31 – солагии Истиқлояти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо камоли эҳтиром кулли ҳамдиёрони азизро ба муносибати 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини миллати сарбаланду бофарҳанги тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро тавассути сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Дар ин рӯзҳои фараҳбахш баҳри ободиву осоиш ва  гулгулшукуфоии давлати соҳибистиқлоли тоҷик бурдбориву комёбӣ, саодату иқболи накӯ ва тансиҳатӣ орзумандам.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад.

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.